Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Воридот ва содироти маблағи калон ба Ӯзбекистон маҳдуд гардид

Шуруъ аз 1-уми сентябр тибқи қарори қабулнамудаи ҳукумати Ӯзбекистон, шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ дигар наметавонан аз 7 000 доллар зиёд ба ин кишвар маблағ дохил ваё ба хориҷ бароранд.

Бо худ доштани маблағи барзиёд аз нишондиҳандаи мазкур бе нишон додани декларатсияи гумруки имконопазир гардид. Ҳангоми воридот ва содироти пули нақд бо асъори хориҷӣ тамоми маблағи зиёдатӣ дар шакли хаттӣ эълон карда мешавад. Акнун, бидуни декларатсия, шумо метавонед то $ 2000 ва бо нишон додани эъломияи гумрукии мусофирон то $ 5000 содирот кунед.

Аз моҳи сентябр сарҳади асъори хориҷие, ки аз Ӯзбекистон содир карда мешавад, аз ҷумла дар декларатсия, ба 100 миллион сӯм (тақрибан 10 000 доллар) зиёд карда шуд. Илова бар ин нафарони категорияҳои зерин метавонанд асъорро бо худ биёран ваё бо худ аз марз бароран: аъзои ҳайатҳои ҳукуматӣ, ки тибқи фармоишҳои давлатӣ ба хориҷа сафарҳои хизматӣ доранд; хориҷиён — дар асоси эъломияҳои мусофирон ва дар доираи маблағи воридшаванда; ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ — дар асоси ҳуҷҷате, ки қонунӣ будани маблағро тасдиқ мекунад.

Гуфта мешавад, ки ворид намудани пули нақд ба Ӯзбекистон бидуни маҳдудият бо риояи қоидаҳои назорати гумрукӣ имконпазир аст

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.