Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Воридоти беш аз 32 тонна шакари ғайриқонунии озарӣ ба Тоҷикистон

Дар минтақаи Суғд гумрукчиёни тоҷик воридоти ғайриқонунии беш аз 32 тонна шакарро ба маблағи қариб 210  ҳазор сомонӣ аз Қирғизистон пешгирӣ намуданд.

Тавре ки аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ва Прокуратураи вилояти Суғд  дар шаҳри Хуҷанд, дар анборе,  ки ба шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон  Р.Х тааллуқ дошт, қариб 26 ҳазор кг шакар ва 143 халтаи холии шакар, ки аз он 6700 кг қанди сафед коркард гардида буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Маълум гардид,  ки  шаҳрванд Р.Х бо маслиҳати пешакӣ бо Ҷ. ном шаҳрванди Қирғизистон бо роҳи қоҷоқ аз Қирғизистон 650 халта шакари истеҳсоли Озарбойҷонро, ки вазни умумиаш 32, 5 тоннаро ташкил медод, ба ҳудуди ҶДММ «Сано»-и шаҳри Хуҷанд барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ  ворид намудааст.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд Р.Х. парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.