Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Wi — Fi-и ройгон дар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти арзон

Дар ярмаркаи фурӯши мол ва хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ, ки аз 1 — ум то 4 — уми май дар маҷмааи Кохи Борбад баргузор мегардад, оператори Intercom мизоҷон ва иштироккунандагони ин намоишгоҳро бо Wi-Fi-и бепул таъмин хоҳад кард.

Инчунин, иштироккунандагонро бурди тӯҳфа — 4G модем ва бастаи интернет интизор аст. Бурди тӯҳфа ба онҳое муяссар мегардад, ки ширкаткунандаи намоишгоҳ бошанд.

Хотирасон бояд кард, ки дар намоишгоҳ барои сокинони пойтахт ва мизоҷону иштироккунандагон доираи васеи маҳсулоти озуқаворӣ ва маишӣ, аз ҷумла, маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва ҳасиб, маҳсулоти қаннодӣ, макарон, шириниҳо, чой, маҳсулоти консерва, косметика, доруворӣ, молҳои маишӣ, кимиёвӣ ва дигар молу хизматрасониҳо бо нархи дастрас ва арзон пешниҳод мегардад.

Бояд зикр намуд, ки ярмаркаи фурӯши маҳсулоти арзон ва истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” чун анъана ба пешвози моҳи шарифи Рамазон маротибаи 6-ум аз ҷониби ширкати рекламавии “Тайрон” дар ҳамбастагӣ бо Палатаи савдо ва саноати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “ОИЛА” дар пойтахти кишвар баргузор мегардад.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.