Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ягон донишҷӯйи тоҷик аз коронавирус сироят наёфтааст

Айни замон дар музофоти Ухани Ҷумҳурии Чин, ки коронавирус дар ҳоли авҷ аст 43 донишҷӯйи тоҷик иқомат доранд ва онҳо дар зери назорати доимӣ мебошанд. Дар ин бора имрӯз Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳммадюсуф Имомзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

“Дар умум дар музофоти Ухан, ки коронавирус пайдо шуда, ҳолати фавқулода эълон шудааст 61 нафар донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекарданд. 17 нафари донишҷӯён дар давоми таътил ба ватан баргаштанд ва боқи 43 нафар дар Ухан ҳастанд.”- иттилоъ медиҳад Муҳаммадюсуф Имомзода. Таътили ин донишҷӯён ду моҳ идома мекунад.

Ба гуфти Имомзода масъалаи баргардонидани донишҷӯён дар миён нест.

“Мо бо штаби назди вазорати тандурустӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Чин ҳамкорӣ дорем. Аз ҷониби сафорат ба ин донишҷӯён ҳамрӯза хуроки ройгон дода мешавад ва худи онҳо дар маҳалли иқоматашон таҳти назоратанд”- гуфт вазир.

Ба иттилои Имомзода то ба имрӯз ягон донишҷӯйи тоҷик аз коронавирус, як навъи пневманияи сироятӣ, ки дар музофоти Ухани Чин пайдо шудааст, сироят наёфтааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.