Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Як миллиону ду миллионаш, ҳам ҳич пуле набудаст дия?!

Во, пулакаме…

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ду марди 46 ва 35-солаи сокинони шаҳрҳои Бохтару Ҳисор муроҷиат намудаанд, ки моҳи марти соли 2020 дар кӯчаи Айнии пойтахт марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо роҳи фиреб ба бовариашон даромада, аз онҳо барои равнақ додани тиҷораташ 1 милиону 273 ҳазору 380 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 1-сол маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.

Дарахти макри зан сад реша дорад…
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки дар давоми солҳои 2020-2021, дар суроғаи хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар чанд лаҳза аз ӯ 1 миллиону 250 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки хонаашро фурӯхта маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои мазкурро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар дар хоби шаб мебинӣ пулатро…
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 22-солаи шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки дар давоми солҳои 2020-2021 дар суроғаи хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, зани 59-солаи сокини ноҳияи Варзоб, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар чанд лаҳза аз ӯ 320 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки автомашинаашро фурӯхта маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.