Як омӯзгори педофил дар Душанбе 17 сол зиндонӣ шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки дар як мурофиаи пушти дарҳои баста Вадим Ивакин, с.т. 1986-ро бо ҷурми ҳаракати шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон ба 17 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Ивакин аз ин ҳукм шикоят бурдааст, вале додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 2 сентябр ҳукми ӯро бетағйир баҷо гузошт.

Додгоҳ Ивакинро дар содир кардани ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, бо аломатҳои такроран, нисбат ба шахси баръало ноболиғ, нисбати ду ва зиёда шахсон ва нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида гунаҳкор донист.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар иттилоияи расмиаш ҷузъиёти ин парвандаро ошкор накард, вале моҳи январ гузориш шуда буд, ки омӯзгори 34-солаи яке аз мактабҳои Душанбе бо номи В.И. бо иттиҳоми озори ҷинсӣ ва анҷом додани рафторҳои шаҳвонӣ нисбат ба 5 хонанда боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтиши ин парванда, Вадим Ивакин 8 сол таҷрибаи омӯзгорӣ дошта, аз ҷумла аз соли 2014 дар як мактаб дар маркази Душанбе ба ҳайси мудири бахши хоҷагӣ ва ҳам омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ кор мекард ва гӯё духтарони ноболиғро ба манзили худ, дар кӯчаи Шоҳтемури Душанбе ба мулоқотҳои маҳрамона даъват мекардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *