Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Як сирри накушодаи “Пелеи тоҷик” – Владимир Ғуломҳайдаров

Дар Тоҷикистон ваксингузаронӣ аз короновирус оғоз мешавад. Киҳо дар навбати аввал ваксина мегиранд? Оё ваксинагузаронӣ ройгон аст? Ба ин саволҳо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Самариддин Ализода посух гирифтааст.

Владимир Ғуломҳайдаров – “Пелеи тоҷик”-ро мухлисони футбол хуб мешиносанд. Дар шумораи навбатии “Тоҷикистон” доир ба зиндагинома ва карераи варзишии ин футболбози номвар очерки муфассал ба нашр расидааст. Ғуломҳайдаров ҳафтаи равон 75-сола шуд.

Парвозҳои маъмулӣ ба Русия кай оғоз мешаванд? Чаро нархи чипати ҳавопаймо дар Тоҷикистон гарон аст? Ба ин суолҳо дар шумораи навбатии “Тоҷикистон” ҷӯё шудааст.

Дар охири зимистон ва аввали баҳор барфи ногаҳонӣ барои деҳқонон зарари калон расонид. Зеро дар баъзе аз манотиқи кишвар дарахтон бедор шудаву гул карда буданд. Дар матлаби “Барфи баҳорӣ. Чиро хунук зад ва чӣ эмин монд?” “Тоҷикистон” бо деҳқонон ва коршиносон аз ҳар гӯшаву канори кишвар ҳамсуҳбат шуда, вазъи боғдоронро пурсон шуд.

Шарҳи ин ва дигар хабару гузоришҳои сиёсӣ иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шумораи нави ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.