Яроқсупорӣ дар Хоруғ

Дар РВКД Бадахшон, баъд аз танқиди президент дар шаҳри Хоруғ аз аҳолӣ беш аз 100 мил силоҳ ҷамъ овардаанд. Аҳолӣ силоҳҳои худро ихтиёран дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ супурдааст.

То ин муддат танҳо як мавриди муқобилият сабт шудааст, ки  чанд рӯз пеш мақомоти милитсия сокини 25-солаи Хоруғ Соҳибназар Имомназаровро дастгир карданд. Аз даруни мошини сиёҳшишаи ӯ ду корд ва як норинҷаи Ф-1 мусодира кардаанд.

Дар шаҳри Хоруғ маъракаи ихтиёран супурдани силоҳҳо идома дорад. Ҷамъоварии силоҳҳо аз аҳолӣ дар инҷо дар пайи интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ барои барқарор кардани тартибот дар ин минтақа ҳамагӣ як моҳ фурсат дод ва гуфт, агар се-чор ҷинояткорро саришта карда натавонед, курсиҳоро холӣ кунед. Президент гуфт, барои барқарор кардани тартибот, агар лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро низ истифода баред. Ӯ фармон дод, нирӯҳои иловагие, ки барои таъмини сафари ӯ ба Бадахшон оварда буданд, то барқарор кардани тартибот дар инҷо бимонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *