Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ёқуб Салим пас аз 12 соли зиндон озод шуд

Ёқуб Салимов, собиқ қумандони Фронти халқӣ ва Вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз 13-сол аз маҳбас озод шуд.

Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо аз вазъи саломатиаш сухан гуфта таъкид намудааст, ки “худро хеле хуб ҳис мекунад ва танҳо чашмонаш мушкил доранд”.

Собиқ қумондони Фронти халқӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки дар солҳое, ки дар маҳбас буд, аз ваъзияти беруни зидон огоҳӣ дошт ва матбуотро мутолиа мекард: “муносибати хуб буд ва тайи солҳои ҳабсам ягон дағалиро аз маъмурини зиндон надидам. Аз ҳодисаҳои берун огоҳ будам. Тайи солҳои ҳабс ба матбуот дастрасӣ доштам. Ҳатто аз сайбандии шумо ҳам дар зиндон тариқи матбуот хабар доштам”.

Вай таъкид мекунад, ки ҳоло пас аз адои муҳалти ҷазо ягона орзуяш дар канори фарзандон гузаронидани рӯзгораш аст: “Нав ба озодӣ баромадам ва нақшаам ҳамин аст, ки бо аҳли оилаам, ҳамсар ва фарзандонам хурсандона зиндагиро пеш барам. Ягон нақшаи дақиқи дигаре надорам”.

Ёдовар мешавем, ки Ёқуб Салимов дар соли 2004 ба гумони хиёнат ба ватан, тиҷорати силоҳ ва сӯйистифода аз мансаб ба 15-соли зиндон маҳакум шуд. Дар мавриди ӯ ҳукми авф ҳам тадбиқ шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.