Ёде аз Ашӯр Сафар

Шоире, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ азодор буд

Дар бораи ин инсони нотакрор, марди нексиришт, дарёдил, адиби покзамир дер боз маводе навиштанӣ будам, вале ҳар боре қаламро барои навиштан ба даст мегирифтам, хома дар дастам меларзид, вале билохира меҳри шеъри ӯ водорам кард, то андешаҳоямро рӯи коғаз резам. 

Хуб ёд дорам, ки дар говгуми воқеаҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ бисёр нафарон, аз ҷумла баъзе адибон ҳам ҷомаи худро чаппа пӯшида, мардумро гумроҳ мекарданд. Вале шоири тавоно, инсони поктинат Ашӯр Сафар дар он солҳо ва тамоми умр мавқеи худро дигар накард, муқобили гурӯҳбозӣ буд ва ба марги тоҷик дилаш месӯхт. Ва орзу мекард: “Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад”…

Куштанд ҷавоне, ки бикуштаст ҷавоне,

Дар мотами ин ҳар ду азодор манам, ман.

Ашӯр Сафар рисолати шоирии худро дар ҳувияти миллӣ медонист, на дар майдонҷудокунию хунрезиҳо:

Дигарон майдон ҷудо кардаву хунҳо рехтанд,

Ман нарафтам як қадам ҳам дур аз майдони шеър.

Шодравон Ашӯр Сафар ҳарчанд то охири умр дар шаҳри Кӯлоб эҷоду зиндагӣ кард, вале аз тамоми гӯшаю канори мамлакат дӯстону ҳампешаҳои худ робитаи қавӣ дошт. Аз ҷумла, бо устод Соҳиб Табаров. Ин адабиётшинос ҳар пораи шеърашро аз рӯзномаю маҷаллаҳо хонда, рӯҳ мегирифту нома менавишт ва маслиҳати худро дареғ намедошт.   

Нависандаи шинохта шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев низ худро фарзанди калонии хонадони равоншод Ашӯр Сафар медонист.

Аз ҷумла, ӯ дар номае ба устод навиштааст: -«Аз хурдон хато, аз бузургон ато», гуфтаанд.  Бубахшед, ки дар арзи эҳтиром инҷониб – фарзанди ноқобилатон – ба мусолиҳакориҳои зиёде роҳ медиҳад, ки ба куфру бидъат ҳампояш мебошад. Масалан, ба салому паёмҳои шумо сари вақт посух додан натавонистам, дар арафаи иду айёмҳо номаҳои табрик натавонистам бирасонам, вале аминам, ки аз ин кӯтоҳиҳо сарфи назар мекунед, зеро қиблагоҳед ва қалби шумо ҳамеша моли ба омурзиши нуқсони инсонист».

-Устод Ашӯр Сафар дар меҳмоннавозӣ ҳамто надошт, — мегӯяд рӯзноманигор Ҳокими Азиз. — Ҳар меҳмоне, ки аз шаҳри Душанбе ба Кӯлоб мерафт, ӯро ҳатман ба хонаи устод мебурданд ва дилпур буданд, ки меҳмон аз пазироии ин хонадон хушҳол бармегардад.

Нақл мекунанд, ки боре шодравон Саидалӣ Вализода дарвозаи устодро тақ-тақ карда, садо мекунад:

-Ҳой Ашӯр дарро кушо, меҳмон овардам, савғои бисёр дорад.

-Агар савғо медошт, ба хонаи худат мебурдӣ, — дарро кушода мегӯяд устод.

“Шоир бо инсондӯстӣ, шеъри баланд, зарофатгӯӣ дар байни мардум маҳбубияти зиёд дош. Ба чунин мардон гузоштани ҳайкал дар хиёбоне арзанда ва сазовори таҳсин аст”, — афзуд Ҳокими Азиз.

Ёдаш ба хайр!

Иззатбек Идизода,

узви ИНТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *