«Ёрии таъҷилӣ»- Фавти  4 модару 1073 кӯдак ва нигаронии прокурори Суғд

Ба понздаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 30 адад мошини «Ёрии таъҷилӣ» тақдим гардид, ки он аз ҳисоби худи мақомоти вилоят  бо харҷи 1,4 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст. Масъулини соҳаи тандурустии вилоят мегӯянд, ки ҳоло 52 фоизи шаҳру навоҳии Суғд  бо мошини «Ёрии таъҷилӣ» таъминанд.

“Ёрии  таъҷилӣ” дар Суғд дастгирӣ мехоҳад

Бо вуҷуди тақдими 30 адад мошини “Ёрии  таъҷилӣ”, то ҳол соҳаи тандурустии вилоят ба дастгирӣ ниёз дорад, зеро қисми зиёди  шаҳраку деҳоти Суғд аз хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” маҳрум буда, мардум дар ҳолати пеш омадани  зарурат ночор духтурронро аз роҳи дур ба хонаашон даъват мекунанд. Инчунин, беморонро тариқи мошини шахсӣ ва таксӣ ба беморхона мебаранд, ки ин ҳол аз мавҷуд будани мушкилоти норасоии мошини “Ёрии таъҷилӣ” дарак медиҳад. Яке аз ҳадафҳои асосии таъминоти  ин намуди мошинҳо,  пешгирии таваллуд дар хона мебошад. Рӯзу соати таваллуд, ки наздик омад, ҳамшираи шафқат ҳатман бо ин мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ӯро ба таваллудхона мебарад. Аммо фавти 4 модару 1073 кӯдак дар соли  2017 дар ҳудуди  вилоят собит месозад, ки мошини “Ёрии таъҷилӣ” ва хизматрасонии саривақтӣ дар ин минтақа беҳбудӣ мехоҳад. Зимни баргузории Шӯрои ҳамаҳангсозӣ прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов зикр намуда буд, ки фавти модару кӯдак асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон  Ғафуров ва Айнӣ боиси ташвиш аст. Аз ин омор бармеояд, ки норасоии  мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар минтақаҳои номбурда нигаронкунанда боқӣ мондааст.

  

Урметан 17 ҳазор аҳолӣ дорад, аммо…

Урметан яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Айнӣ буда, беш  аз 17000  аҳолӣ дорад. Мутаассифона, норасоиҳо дар соҳаи хизматрасонии беморхонаи минтақавии №2 зиёданд. Ба гуфти масъулини беморхонаи мазкур, аз соли 2005 инҷониб набудани мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар беморхона ба пизишкон ва аҳолӣ мушкилоти зиёд пеш овардааст. Масофаи ҳудуди деҳоти ҷамоат то беморхонаи минтақавӣ аз 8 то 24 км, беморхонаи маркази ноҳия 38 км ва шаҳри Панҷакент 60 км аст. Вале табибон мувофиқи имконият ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Аммо ин хизматрасонӣ маънои ҳалли муамморо надорад. Зеро дар фасли зимистон  илова ба мушкилоти дурӣ,  вазнинии роҳ низ пешорӯи беморону табибон мешавад. Чанде аз сокинони ҷамоати мазкур (ба шарти зикр нашудани номашон) зимни суҳбат гуфтанд: Хизматрасонии тиббӣ дар марказҳои шаҳру вилоят саривақтӣ ва ба талаботи тиббӣ ҷавобгў аст. Аммо дар деҳот аҳолӣ ба як мошини “Ёрии таъҷилӣ” муҳтоҷанд. Соҳибони  бемор сарсонанду ба ҷустуҷӯи мошин ҳар тараф телефон  мекунанд, то маризро ба беморхона баранд.

 “Фарди солим” ҳам  муамморо ҳал накард

Соли 2016 дар вилояти Суғд “Соли фарди солим” эълон шуда буд. Яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати вилоят дар ин сол ҷоннок намудани соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо мисолҳои дар боло зикршуда ва мушоҳидаю оморҳо нишон медиҳад, ки муаммои норасоии мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва дигар намуди хизматрасонии тиббӣ беҳбудӣ мехоҳанд.

ОМОР ДАР СОЛИ 2016

 Фарзона Муродӣ,

“Тоҷикистон”, Суғд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *