Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Юлдуз Турдиева, сарояндаи Ӯзбекистон бо суруди ҷадиди тоҷикӣ (видео)

Юлдуз Турдиева, сарояндаи машҳури Ӯзбекистон дар як шоу-барномаи ӯзбекии «ОМОН ОМОН» баромад намуда, суруди ҷадиди тоҷикии “Инҷа биё”-ро бо маҳорати баланд сароидааст.

Юлдуз Турдиева сарояндаи хушсадову хушсимои ӯзбекистонӣ бо сароидани сурудҳои тоҷикӣ маҳбубияти хоса пайдо намудааст. Ин сароянда чанде қабл суруди тоҷикии “Бале-бале”-ро сароид ва маҳз ҳамон суруди бо маҳорати фавқулода сароидааш ӯро байни мардуми тоҷик ошно намуд. Инчунин, номбурда бо санъаткори шинохтаи тоҷик Ҷонибек Муродов чанде қабл як дуэтеро ҳам якҷо сароидаанд.

Бояд гуфт, ки Турдиева ягона сарояндаи ӯзбекзабоне нест, ки бо сароидани сурудҳои тоҷикӣ шуҳрати бештар ёфта бошад. Пеш аз ин сароянда ҳунармандони мешҳури ӯзбекистонӣ ҳам, ба монанди Юлдуз Усмонова, Ҷаҳонгир Дадаҷонов, Фирӯза Ҷуманиёзова ва Озода бо сароидани сурудҳои тоҷикӣ шуҳрати худро байни ду мардуми ҳамсоя даҳчанд намуданд.

Юлдуз Турдиева ҳоло 35 сол дошта, зодаи шаҳри Бухоро мебошад. Ӯ овозхони маъруф аст, ки дар баробари ӯзбекӣ, тоҷикӣ, инчунин, бо забонҳои озарӣ ва форсӣ ҳам суруд месарояд. Гуфта мешавад, ки дар синни 11-солагиаш иштиёқ ба мусиқии суннатӣ пайдо карда, пас аз тарки мактаб, мустақиман ба Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон рафта, соли 2008 онҷоро хатм кардааст.

Нахустнамоиши суруди нави тоҷикии Юлдуз Турдиева дар теле-шоу-и Ӯзбекистонии "ОМОН ОМОН"

Gepostet von Hammanews.tj "TAJ & UAE 2" am Dienstag, 16. Juni 2020
-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Рашид 18.06.2020 22:38

    Ман ошики чехраю садои ин кабки хушхиром хастам.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.