Забоншинос Мадиброҳим Норматов даргузашт

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе забоншиноси маъруф, профессор Мадиброҳим Норматов дар синни 81 солагӣ аз олам даргзашт. Номбурда то охири умр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекард. Ҷанозаи марҳум имрӯз баъди намози пешин дар маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе баргузор мешавад. 

Мадиброҳим Норматов — 1 феврали соли 1938 дар ноҳияи Ашт таваллуд шуда ) хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966) мебошад.

Аз соли 1961 устоди ҳамин донишгоҳ: ассистент, муаллим, муаллими калон ва аз соли 1968 дотсент ва профессори факултаи филологияи ҳамин донишгоҳ буд.

Забоншинос, номзади илми филология (1968), доктори илмҳои филолгия (1998), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), профессор Мадиброҳим Норматов муаллифи рисолаҳои боарзиши илмӣ ва мақолаҳои муҳим дар соҳаи забоншиносӣ мебошад. Китобҳои  “Муқаддимаи забоншиносӣ” (1995), “Забоншиносии умумӣ”  (1991), “Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик” (2001) “Таҳлили синтаксисӣ ва намудҳои он” (2008), “Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис)” (2011)-и Мадиброҳим Норматов рисолҳои бунёдӣ дар илми забоншиносӣ эътироф шудаанд. 

Дар зер мақолаи устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров профессор Абдуҷамол Ҳасанов ва номзади илмҳои филология Солеҳҷон Собирҷоновро пешкаши шумо мекунем, ки соли гузашта ба муносибати 80-солагии Мабдиброҳим Норматов дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон ба нашр расида буд.

 ДАР ҲОШИЯИ 80-СОЛАГИИ

ЗАБОНШИНОС МАДИБРОҲИМ НОРМАТОВ

Забоншиноси чирадаст, Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, дорандаи медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Ветерани меҳнат», Корманди шоистаи Тоҷикистон Мадиброҳим Норматов, ки ба синни мубораки 80 расид, аз ҷумлаи симоҳои намоёни ҷумҳурӣ ба шумор рафта, солиён инҷониб баҳри такомули илму маорифи кишвар заҳмати беѓаразона мекашад.

Олими энсиклопедисти сатҳи ҷаҳонии садаи XVIII М. В. Ломоносов мақому манзалати сарфу наҳвро ба назар гирифта, навишта буд, ки «бе грамматика наттоқӣ заиф, назм сақав, таърих кареҳ, фалсафа бебунёд ва юриспруденсия шубҳаовар хоҳад буд». Ҳамин фармудаи ин муҳаққиқи ҳамадонро сармашқи кори худ карда, М. Норматов ҳанӯз соли 1968-ум мавзӯи «Тартиби калима дар забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро ба ҳайси рисолаи номзадӣ таҳти роҳнамоии забоншиноси маъруфи ҷумҳурӣ, профессор Д.Т. Тоҷиев қарор дод ва пас аз чанд муддат рисоларо дар мавзӯи тазаккурёфта бо сарбаландӣ дифоъ карда, барои рушди наҳви забони адабии муосири тоҷикӣ хиштҳои нахустинро гузошт. Баъдан низ мавсуф ба хотири ҳаматарафа кушодани асрори пайванди сухани тоҷикӣ самти пажӯҳиши хешро ба тадқиқи масоили мухталифи наҳви ҷумлаҳо бахшид ва натиҷа чунин шуд, ки аз ҷониби ӯ як даста рисолоти илмиву таълимии марбут ба наҳви ҷумлаҳои соддаву мураккаб ба нашр расонида шуда, осоре чун «Омӯзиши ҷумлаҳои соддаи яктаркиба», «Усули таҳлили синтаксисӣ», «Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик», «Таҳлили синтаксисӣ ва навъҳои он», «Муқаддимаи забоншиносӣ», «Забоншиносии умумӣ», «Забони адабии муосири тоҷик» (синтаксис) ва даҳҳо мақолаҳои илмии ба масоили мухталифи забоншиносии тоҷик бахшидашуда ба дасти хонандаи тоҷик расид.

Инъикос намудани тарзҳои васли ду ё зиёда калима дар доираи ибораву ҷумла бо назардошти маънову сохтори онҳо, нишон додани робитаи мантиқии онҳо зоҳиран кори саҳл менамояд, аммо ҳангоми ба он муносибати амиқ кардан аён хоҳад гашт, ки муҳаққиқ ба чӣ қазияи душворе рӯ ба рӯ шудааст. Чунин ҳолатро метавон ҳангоми таҳлили таркиби ибораву ҷумлаҳо эҳсос намуд. Маҳз ҳамин душвориро ба эътибор гирифта, устод М. Норматов нахуст соли 1991-ум ва бо сабаби эҳтиёҷи зиёди хонандагон такроран соли 2008-ум китоби «Таҳлили синтаксисӣ ва навъҳои он»-ро ба нашр расонид.Китобҳое, чун «Муқаддимаи забоншиносӣ» ва «Забоншиносии умумӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Ф. Қ. Зикриёев) аз ҷумлаи ҳамин гуна асарҳоянд, ки ҳар ду бино ба эҳтиёҷмандии сахти толибилмони макотиби олӣ ду маротиба ба нашр расидаанд.

Як ҷиҳати басо шоистаи таҳсини осори илмию таълимии дотсент Мадиброҳим Норматов забон ва тарзи баёни гуворои ӯст. Забони осори эшон ба тамоми талаботи услуби илмию таълимӣ ҷавобгӯ буда, кӯтоҳбаёнию дақиқбаёнӣ ва бо шумур, бо як тартиби муайян, бо рақам нишон додани хусусияту нишонаҳо ва аломатҳои хоси ҳар як воҳиди забонию наҳвӣ ҳусусиятҳои хоси тарзи баёни осори илмии устод ба шумор меравад.

 Мо ҳамчун нафаре аз ҳазорон шогирди устод М. Норматов худро аз он хушбахт меҳисобем, ки дарсҳои муқаддимаи забоншиносӣ, курси махсуси марбут ба наҳв ва забоншиносии умумиро аз ӯ омӯхтаем. Ҳанӯз мо дар давраи донишҷӯиямон ҳис менамудем, ки устод М. Норматов дар соҳаи худ ангуштшумор аст ва фанни худро ба дараҷаи олӣ медонад. Ҳамон солҳо кору пайкори мавсуф дар самти таълим байтҳои зерини Фирдавсии Тӯсиро ба ёдам меовард:

Чу ту нест андар ҷаҳон ҳеҷ кас,

Ҷаҳондор дониш туро доду бас.

Шахсияти устоди арҷманди мо шоистаи пайравист, мавсуф адабро воситаи нашъунамо ва поку покиза шудани ақлҳо ба шумор меорад, Ӯ инсоне гавҳардил, номбурда аз ашхоси фархундатаркиб аст. Ӯ асли булӯрин дорад ва бо меҳру муҳаббати худ ҳама ҷоро мунаввар мекунад, номбурда ҳамнишини некест мисли аттор, ки аз атри худ чизе ба кас намедиҳад, аммо аз роҳи ӯ ҳар ҳамнишаст ҳатман баҳраманд мегардад, мавсуф дар ниҳоди хеш беҳтарин ҳунари инсонӣ — сабр карданро парваридааст.

Мо яке аз ҳазорон шогирдон устодро бо чунин рӯзу соли пуршукӯҳ аз номи худу аҳли оилаамон аз таҳти дил табрику муборакбод гуфта, барояш сиҳатии ҳамешагии ҷисму рӯҳ, хотири болида ва осудагиву саодати зиндагиро таманно менамоем.

Абдуҷамол Ҳасанов,

 доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

Солеҳҷон Собирҷонов,

номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДМИТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *