Замимаи “Tcell-и мaн” — маркази хизматрасонии шахсии Шумо!

Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии версияи таҷдидшудаи “Tcell-и ман”- “Мой Тсеll” эълон медорад!

«Tcell-и мaн» ин утоқи шахсии шумост, ки дар он ҷо метавонед хароҷот, тафсилоти фармоиш ва идоракунии хизматрасониҳои Tcell-ро дар реҷаи воқеъӣ идора намоед!

Истифодаи барнома хеле соддаву  оддӣ аст ва муҳимтар аз ҳама, зарурати муроҷиати муштариёнро ба марказҳои хизматрасонӣ ва тамос бо хадамоти маълумотдиҳӣ рафъ менамояд.

Акнун, бо туфайли барномаи “Tcell-и ман” дар ҳар куҷо, ки набошед, имкони ҳалли мушкилоти пешомада ба сурати оҷилу зуд фароҳам меояд! Идоракунии хизматрасонӣ ҳеч гоҳ ин гуна осон набуд: барои худ нархномаи беҳтаринро дарёфт кунед ва онро танҳо бо як клик ба барнома пайваст намоед! Ва агар Шумо ягон савол дошта бошед,  метавонед дар чати онлайн бо мушовирони ширкати Тсеll тамос бигиред. Барнома бо функсияи пур кардани тавозун тавассути ​​ ҳамёни мобилии TeзСум ва ё аз корти “Корти миллӣ” муҷаҳҳаз буда, имкони дархости “Пардохти муваққатӣ” низ мавҷуд аст.

Замима барои боргирӣ дар Google Play (https://play.google.com/store/apps/details?id=tj.tcell.odp) ва App Store (https://apple.co/2u4nrl1) дастрас буда, ҳамчунин бо нишонии http://my.tcell.tj аз утоқи инфиродӣ онро насб кардан мумкин аст.
Барои муштариёни Tcell истифодаи барномаи «Tcell-и ман» ройгон аст!

___________________

 Tcell  — бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *