Заминҳои хатарнок дар кадом минтақа мавҷуданд? 

Дар худи Ачӣ 372 анбор вуҷуд дошт. Чунин заҳрхимикатҳо дорои моддаҳои хлордор, дуст ва теадан буд, ки то ҳол ин анборҳо дар баъзе минтақаҳо мондааст. Дар 5 га замини деҳаи Ҳилолии ноҳияи Хуросон, ки аҳолиаш зиёда аз ҳазор нафар аст, дар шароити хатарзо зиндагӣ мекунанд.

Камшавии замин ва таъсири он

Бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатии мардуми кишвар, бахусус,  ба талаботҳои замону муносибатҳои бозоргонӣ мутобиқ сохтани истифодабарии замин як қатор табдирҳо пешниҳод гаштааст, ки марҳила ба марҳила амалӣ гашта истодааст.

Мақсадулло Мардонов, сардори шуъбаи назорати давлатӣ ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар нишасте, ки вобаста ба Рӯзи Замин баргузор гашт, камшавии заминро  яке аз мушкилиҳои кишвар маҳсуб донист. Тибқи оморҳо то моҳи январи соли ҷорӣ заминҳои Тоҷикистон 14  137 907 гектарро ташкил медиҳад.  Ҳаҷми заминҳои кишоварзӣ 6 880 281 буда,  аз он  683 901 га обӣ ва заминҳои маҳаллаҳои аҳолинишин  180 280 га-ро ташкил медиҳад.

Дар соли 2017, 10 543 га замин корам, ки аз 8 823 га корами обӣ бо сабабҳои шӯршавӣ ва об барои обёрӣ, аз кор баромадани каналу шабакаҳо дар кишоварзӣ истифода нашуда бошанд, соли 2018 дар ҷумҳури майдони  9 615 га аз гардиши кишоварзӣ берун монд.    

Абдураҳмонзода  Саидумрон Назар, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки дар нишаст суханронӣ намуд, дар баромадаш қайд кард, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ назорати иҷрои саривақтӣ оид ба истифодаи оқилонаи замин , пешгирии вайроншавии хок, шӯрашавӣ ва ботлоқшавии замин, пешгирии ифлоскунии заминҳо аз партофгоҳҳои саноатию маишӣ мебошад. Агар мо имрӯз пешгирии эрозия ва биёбоншавиро нагирем, дар оянда зиндагии мардум мушкил мешавад.  Сол аз сол бо сабаби зиёд шудани аҳолии икшвар замини кории мо кам шуда истодааст.

Заминҳо ва мавзеъҳои хатарнок

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва созмонҳои байналмилалӣ,  дар  соли 2014 68 минтақаи дорои заҳркимикатҳо мавҷуд буд, ки  шумораи умумии он 1329 тоннаро ташкил медод. Айни ҳол низ  68 қитъа бо  1300 тонна захираҳои кимиёвӣ мавҷуд аст. Тибқи маълумотҳои охири дар дастдошта, ки аз тарафи  кумитаи марбута ҷойҳои нави дорои чунин заҳрхимикатҳо доштаро пайдо карданд, ноҳияҳои Ҷайҳун, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Панҷ, Панҷакент , Конибодом мебошад. Дар ноҳияи Конибодом 1,4 га замине, ки майдони машқҳои ҳарбӣ мегузарад, миқдори заҳхимикатҳо 4 000 тонна буда, махсусан, модаҳои дендрабитсиоин, севин, гексохлоран, метафос ва ғайраҳо мебошад. Дар чунин майдон дар ноҳияи Вахш дар майдони 12 га, 7500 тонна ҷойгир аст.

Созмонҳои байналмиллалӣ  вуҷуд доштани ин гуна заҳрхимикатҳоро хатари зиёди гирифторшавӣ  ба беморӣ дар миёни одамон меҳисобанд. Барои тоза кардани чунин ҷойҳо аз 1 000 000 то 1 200 000 сомонӣ сарф мешавад.

Раҳматулло Х айруллоев, директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тадбиқи конвенсияи стокголмии СММ, дар суҳбат ба мо қайд кард, ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия анборҳои махсуси нигаҳдории заҳрхимикатҳо, махсусан барои ҳосили хубӣ пахта истифода мешуд,  ҷойгир буд. Дар худи Ачӣ 372 анбор вуҷуд дошт. Чунин заҳрхимикатҳо дорои моддаҳои  хлордор, дуст ва теадан буд, ки то ҳол ин анборҳо дар баъзе минтақаҳо мондааст. Дар 5 га замини деҳаи Ҳилолии ноҳияи Хуросон, ки аҳолиаш зиёда аз ҳазор нафар аст, дар шароити хатарзо зиндагӣ мекунанд. Ҳатто чор оила, ки дар даруни ҳамон анборҳо зиндагӣ мекарданду ба касалиҳои гуногун гирифтор мешуданд, имконияти наздики онҳо рафтан набуд, дар дигар ҷои бехавф хона сохта аз онҷо баровардем. Нафароне, ки дар ин ҷойҳо зиндагӣ мекарданд, аз бемориҳои роҳҳои нафас, ба монандӣ, нафастангӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, варами шикам дучор мешуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *