Заминҷунбӣ дар Лахш

Субҳи чаҳоршанбеи 3-юми май зилзилаи сахт Тоҷикистонро такон дод.

Бино ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, ин заминларза соати 9-у 49 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Ба гуфтаи манбаъ, маркази ин зилзила минтақаи Қаракенҷаи ноҳияи Лахш дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон будааст. Шиддати зилзила дар маркази он 6 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст. Сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин) гуфтаанд, ки аз шиддати зилзила сангҳо аз куҳҳо фурӯ рехтанд ва барои чанд дақиқа атрофро ғубор фаро гирифт. Дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва дигар манотиқи кишвар низ шиддати ин зилзила эҳсос шудааст. Дар Душанбе — пойтахти Тоҷикистон шиддати зилзила 3 дараҷаро ташкил додааст. То ба ҳол дар робита ба талафот ва хисороти ин ҳодисаи табиӣ, маълумоте дар даст нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *