Заминбизнес: Соли 2019 дар Суғд 4394,98 га замин худсарона ишғол шуд

Дар соли 2019 дар вилояти Суғд 294 парвандаи ҷиноятӣ оид ба ғайриқонунӣ ишғол кардани қитъаи замин боз шудааст. Ҳамчунин, 230 эътирозӣ прокурорӣ аз болои қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар мавриди ҷудо кардани қитъаи замин ироа гардидааст. Баҳси замин дар тамоми Тоҷикистон масъалаи доғ боқӣ мемонад.

244 парвандаи ҷиноятӣ нисбати замин

Ин нукта санаи 4 январ дар маҷлиси ҳайати мушовараи  мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ин сохтор ироа шуд. Дар ҷаласаи мазкур  зикр гардид, ки  дар вилояти Суғд мушкилоти замин ҳамоно масъалаи доғ боқӣ мемонад.

Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов гуфт:

“Назорат дар самти иҷрои қонунгузории замин пурзӯр карда шуда, аз натиҷаи санҷишҳо 244 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 4394,98 га қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида, ба 260 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, ки аз ин 230 адад вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин мебошад, эътирозҳо оварда шудааст”.

Коршиносон бештар ғарқи фасод будани “бозори замин”-ро омили афзудани ҷиноят медоданд. 

Ҳар сол дар нишастҳои хабарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳам омори аз ҳама баланди фасодкорӣ маҳз дар соҳаи замин аст.

Дар солонаи соли 2019 ҳам беш аз 70 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шуда, нисбати ҷинояткорон бо моддаи 338 Кодекси ҷиноятии ҶТ (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) парвандаи ҷинояти оғоз шудааст. Ин омори ҷинояти корупсионии вобаста ба замин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  3 баробар зиёд мебошад.

Вале бо вуҷуди корбариро ҷоннок кардани мақомоту сохторҳои назоративу ҳифзи ҳуқуқ то ҳол заминбозию заминдуздӣ кам нагардидааст. Баъракс се баробар зиёд шудааст.   

Таҳқиқу тафтиши  таҳқиқу тафтишчиён

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки  дар масъалаи қарори ғайриқонунӣ қабул кардан танҳо раисони шаҳру ноҳияҳо гунаҳгор нестанд. Мақомоти таҳқиқу тафтиш ҳам дар ин самт худ низ мавриди таҳқиқу тафтиш  қарор гирифтааст.

Ба гуфти прокурори вилоят  тибқи  санадҳои эътиноӣ 375 шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шуда,298 қарори ғайриқонунии мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор, 129 парвандаи маъмурӣ ва 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз ин бармеояд, ки ҳангоми қабули қарор айбдоркунандаҳои давлатии мо айбдоранд.

Ба гуфти прокурори вилоят, дар самтҳои назорати умумӣ қонунгузориҳо дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, оид ба замин, ҷамъоварии андозу пардохтҳои гумрукӣ, молия, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, бонкдорӣ, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи амволи давлатию шахсӣ, маориф, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, шаҳрсозию меъморӣ, нотариати давлатӣ, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, танзими асъор ва назорати асъор, анъана ва ҷашну маросим, пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқу об ва дигар қонунгузориҳо  қонунвайронкуниҳо зиёд ошкор ва 13610 нафар ба ҷавобгарии мухталиф кашида шуданд. Инчунин,  нисбати  952 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҳар яки мо — соҳаи тандурустӣ ҳар сол аз ҷиҳати коруппсионӣ, қонуншиканӣ, номатлуб иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ ва ғайра “пешсаф” аст. 4 январ ҳам дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд дар масъалаи тандурустӣ эродҳо шунида шуд. Ба гуфти Ҳабибуллоев, 290 нафар кормандони тиб  ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбати 33 нафар парвандаи ҷиноятӣ  оғоз  карда шудааст.

Фарзона Муродӣ,

вилояти Суғд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *