Заминларзаи навбатӣ дар Тоҷикистон

Соати 10:09 дақиқаи субҳи 5 май, зилзилаи сахт Тоҷикистонро ларзонд. Маркази зилзилашиносии Амрико ин зилзиларо «ниҳоят шадид» (Very strong) гуфтааст. Ба иттилои ин манбаъ, маркази ин зилзила дар шарқи Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) дар марз бо Қирғизистон будааст. Ба гуфтаи зилзиласанҷони амрикоӣ, шиддати зилзилаи рӯзи 5 май дар маркази он 5,9 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Як сокини ноҳияи Лахш гуфтааст, ки заминларзаи рӯзи 5 май аз зилзилаҳои ду рӯзи гузашта шадидтар буд ва чандин хона дар деҳаҳои Девона, Сарғой ва Қарамиқ вайрон шудаанд. Ба гуфтаи ин сокини Лахш, дар деҳаи Ғулама замин кафида ва бар асари рехтани санг аз кӯҳҳо роҳҳо дар бархе аз қисматҳо масдуд шудаанд. Ҳамчунин ӯ гуфтааст,ки аз чанд рӯз ба ин тараф сокинон дар ин минтақа аз хавфи зилзилҳои пайдарпайи сахт дар берун аз манзилҳо хоб мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *