Зан бародарашро корд зад

Зани солхӯрдаи сокини пойтахтро Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар маҷрӯҳ кардани бародараш айбдор мекунад. Бино ба итилоъи Вазорати умури дохилӣ дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 54-сола дастгир гардидааст.Чуноне гуфта мешавад ин зан шоми 29 август  дар манзили истиқоматиашон бо бародари 37 солаи хеш бе асос ҷангу хархаша намуда бо корд ба қафаси синаи вай як маротиба задааст. Дар натиҷаи ин амал ҷабрдида бо бардоштани зарари  ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамчунин маъмурини милиса аз рӯи аризаи шикоятии зани 25 солае шавҳари  31 солаии вай сокини шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд. Мавсуф бино ба итилоие,ки дар аризаи пешниҳоднамудаи ҳамсараш дарҷ гардидааст, бо корд ба қисми гардан ва дасти занаш зарба задааст.

Айни ҳол ҳодисаи мазкур таҳқиқ гардидаистодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *