Зан дар интизори ёрии таъҷилӣ ҷон доду касе кумакаш накард

Рӯзи 23 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он зани ғарқи хунр дар байни роҳхобида интизори омадани мошини ёрии таъҷилӣ мебошад, аммо то баромадани ҷонаш мошини ёрии таъҷили намерасад.

Дар навор дида мешавад, зани дигар, ки дар канори маҷруҳ нишастааст, бо садои гиряолуд мегӯяд: «Ёрии таъҷилӣ наомад». Дар ин ҳангом мардони дар гирду атрофи зани маҷруҳ буда аз дур тамошо мекунанду ба маҷруҳ ёрии аввалини тибби намедиҳанд.

Шоҳидон гуфтанд, ҳодисаи мазкур рӯзи 18 июн дар бозори «Сардоба»-и Намангони Узбекистон рух додааст.

Табибони бемористони Намангон гуфтанд, ёрии таъҷилӣ сари фурсат фиристода шуда буд, аммо зан ба далели хунравии зиёд то расидани ёрии таъҷилӣ фавтидааст.

Мақомоти интизомии Намангон гуфтанд, марди 41-солае бо гумони «куштори барқасдона» боздошт шудааст.

«Ин ҳодиса нисфирӯзии 18 июн рух дод. Шавҳари зан ба дукони вай омада, маблағ пурсид, аммо зан надод. Дар ҳолати хашм мард занашро корд зад», — гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Додситонии шаҳрии Намангон ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардааст.

Танзила Норбоева, раиси сенати Узбекистон рӯзи 18 июн гуфт, ки давоми ду соли охир дар он кишвар бо айби таъхири ёрии таъҷилӣ бештар аз 48 ҳазор фавт сурат гирифтааст.

Манбаъ: «Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *