Зан худро бо кӯдаки 5-сола ва семоҳааш ба дарё партофт

Нисфирӯзии 16 май як ҷавонзани сокини деҳаи Марғедари поён дар Панҷакент худро ҳамроҳи ду кӯдакаш аз ҳудуди деҳаи Кошона ба дарёи Зарафшон партофтааст. Кӯдакони ин зан яке панҷсола (духтар) ва дуюми ҳамагӣ семоҳа (писар) будаанд.

Нисфирӯзии 16 май як ҷавонзани сокини деҳаи Марғедари поён дар Панҷакент худро ҳамроҳи ду кӯдакаш аз ҳудуди деҳаи Кошона ба дарёи Зарафшон партофтааст. Кӯдакони ин зан яке панҷсола (духтар) ва дуюми ҳамагӣ семоҳа (писар) будаанд. Ин хабар тамоми Панҷакентро такон дод. Ҷасади занро баъди қариб 10 километр дар наздикии Марғедари поён пайдо кардаанд, вале ҷустуҷӯи ҷасадҳои ду кӯдаки маъсуми ӯ ҳанӯз идома дорад.

Тавре манобеи сомонаи “Tajikistantimes.com” аз шаҳри Панҷакент хабар доданд, ҷавонзан тақрибан нисфирӯзии 16 май дар пайи як муноқиша бо аҳли хонаводаи шавҳар кӯдаконашро гирифта, аз хона берун рафтааст. Пеш аз оне, ки зан худро ба дарё партояд, бо шавҳари худ тариқи ИМО суҳбат кардааст.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷавонзан духтари Ҳоҷӣ Қурбон аз деҳаи Артуч буда, дар Марғедари поён, ки аксари аҳолиашро зодагони Артуч ташкил медиҳанд, шавҳар карда буд. Ин зани қасд ба ҷони худ намуда, келини директори мактаби Марғедари поён Баҳром Шарипов будааст.

Ҳодисаи худкушии занон ҳамроҳи фарзандонашон дар Тоҷикистон маротибаи аввал нест.

Як сол пеш – субҳи 7 майи соли 2018 – Сайрам Холова, як сокини деҳаи Сунбулаи Ҳисор дар пайи муноқиша бо шавҳараш худро ҳамроҳи ду кӯдакаш – Суҳбатуллои 4-сола ва Неъматуллои 2-сола ба дарёи Кофарниҳон партофт.

Ҳамин тавр, соли 2016 Зуҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд.

Айнан бо ҳамин монанд, моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш худро бо се тифлаш ба дарё андохт. Модарро наҷот доданд, вале ҳарсе фарзандаш ғӯррамарг шуданд.

Моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар наҷот ёфт. Ӯро бо ҷурми куштори фарзандонаш баъдан ба 18 соли зиндон маҳкум карданд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон аз 400 то 600 нафар худкушӣ ё қасди ҷони худ мекунанд. Беш аз нисфи онҳоро занону духтарони ташкил медиҳанд. Хушунати хонаводагӣ як омили умдаи худкушии занону духтарони тоҷик шумурда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

19 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *