Занҳои порашуда, якеро шавҳараш ва дигареро се нафар куштаанд

Прокуратураи генералии  Тоҷикистон ҷузъиёти қатли ду ҷавонзанро ,  ки ҷасадҳои резашудаашонро аз дарёи Душанбе дарёфт карданд, ошкор намуд. 

 

Манбаъ гуфт, ки 21 июли соли 2016 аз соҳили дарёи Душанбе, дар шафати кӯчаи Мушфиқӣ устухони кос ва 24 июли соли 2016 аз соҳили ҳамин дарё дар шафати кӯчаи Ҳосилот қисмҳои дигари бадани зани шахсияташ номаълум дарёфт карда шуд: “Дар рафти чорабиниҳои фаврию тафтишотии муштараки мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ муайян карда шуд, ки зани кушташуда сокини шаҳри Душанбе Шаҳноза Р. соли таваллудаш 1988 мебошад. Куштори ӯ аз тарафи шавҳараш Бахтиёр А., соли таваллудаш 1978 дар заминаи рашк содир шуда, номбурда бо мақсади пинҳон кардани изҳои ҷиноят ҷасади ҳамсарашро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарё партофтааст”.

Прокуратураи генералӣ  мегӯяд, ки Бахтиёр гуноҳашро пурра иқрор карда, дар манзили зисташ низ паи хун дар девор ва либосҳои ҷабрдида муайян карда шуданд: “Ҳолати ҷой доштани муноқишаҳои доимиро байни зану шавҳар модар ва дугонаи ҷабрдида тасдиқ намуданд”.

Манбаъ афзуд, ки инчунин 29-уми июл аз соҳили дарёи Душанбе, дар маҳаллаи Соҳилӣ дар дохили халта ҷасади дигар порашудаи зани шахсияташ номаълум дарёфт карда шуд: “Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти тафтишотӣ-фаврӣ муайян гардид, ки ин зани мақтул сокини ноҳияи Рӯдакӣ Фотима Б. соли таваллудаш 1993 буда, номбурда вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе дар хобгоҳи умумӣ дар ҳуҷраи хоҳараш зиндагӣ мекардааст”.

Тафтишот муайян кардааст, ки Фотима бо се ҷавон-Дарвеш А, Нуриддин А, ва Исматулло М, шинос шуда, таклифи онҳоро барои ҳамхобагӣ қабул ва ҳамроҳашон ба манзили истиқоматии онҳо омадааст: “Дар хона байни онҳо муноқиша сар зада, дар рафти он шахсони номбурда Фотимаро тавассути буғӣ кардан ба ҳалокат расонидаанд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарёи Душанбе партофтаанд”.

Бар асоси иттилои прокуратура Дарвеш, Нуриддин ва Исматулло гуноҳашонро пурра иқрор кардаанд: “Феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *