Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зангӯлаи толибон ва оқибати он барои тоҷикон

Оё метавон Офтобро бо домон пӯшид? Метавон, агар Офтоб ҳақиқати талх бошад! Ҳақиқати талх он аст, ки толибон дар марзи Тоҷикистон пойгоҳҳои низомии худро устувор месозанд. Дар сурати баста шудани гузаргоҳи Шерхонбандар, таҳдиди таркондани пули наҳри Панҷи Поён кардани онҳо хокӣ аз он аст, ки дар амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии худ устуворанд. 

Толибон нисбат ба сокинони созишкор дар минтақаҳои таҳти тасарруфашон қарордошта, аз нармӣ кор мегиранд. Тоҷирон, бахусус, паштутаборон, аз пуштибониашон бархӯрдоранд, аз супоридани молиёт дар каноранд. Барои паштуҳо чароғаки сабз, барои тоҷикон, билхоса ҷонибдорони Аҳмадшоҳи Масъуд,  чароғаки сурх ҳамеша фурӯзон аст. Ин ҳам ҳақиқати талх аст!

Дар остонаи Тоҷикистон қарор доштани толибонро касе инкор намекунад. Эҳтимолияти ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум кардани онҳоро на  инкор мекунанд ва на тасдиқ. Толибон, ки асосан аз зархаридон ва аскарони фиристода иборатанд, бе лаҷом, мисли муллоҳои мо содалавҳу тангназар нестанд. Ҳар кӣ бошанд, дар пушташон кӯҳ барин қудрат доранд.  Ба ин хотир онҳоро нодида гирифтан, суқуташонро пешгӯӣ кардан ғалати маҳз аст.

Агар толибон ба Осиёи Миёна ҳуҷум кунанд, аввалан рахна бар сарҳади кадоме аз кишварҳо мезананд?  Назарҳо мухталифанд. Ӯзбекистон сарвати зиёд дорад, сарҳадаш ҳамвор аст, ки анҷом додани амалиёти ҳарбиро осон мегардонад. Туркманистон низ ҳамчунин. Ҳоло Ӯзбекистон сарҳади худро ба  рӯи толибон бастааст. Ҳарчанд дарҳои баста ҳанӯз маънии таъмини амниятро надоранд.

Дарвозаҳои Тоҷикистон ба рӯи гурезагони Афғонистон боз аст. Албатта, ин иқдоми башардӯстона аст. Ва он наметавонад баҳонаи ҳуҷуми толибон ба Тоҷикистон гардад. Ҳарчанд замоне ки ҳадаф ҳаст, баҳона пайдо мешавад.

Ҳанӯз соли 2010 дар суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд, ки “Наҷоти Осиёи Марказӣ дар наҷоти Афғонистон аст”. Мусоҳиба ҳам бо ҳамин ном чоп шуда буд. Ин нуктаро соли 2006 дар Кобул, дар суҳбат бо банда Бурҳониддини Раббонӣ низ таъкид карда буданд. Вале наҷоти Афғонистон аз дасти толибон рӯз ба рӯз ғайриимкон мегардад. Шояд ба ғасби Кобул, Мазори Шариф, марказҳои асосӣ  рӯзҳои башумор монда бошад. Шояд! Баъд чӣ хоҳад шуд? Аз берун баёни андеша осон аст. Назар на ҳамеша бо амал мутобиқат мекунад. Толибон имрӯз дар сарҳад худро назди мардуми оддӣ беозор нишон медиҳанд. Аммо фардо чӣ хоҳанд кард?

Як нукта мусаллам аст: дар Афғонистон ҷанги қавмӣ шиддат мегирад. Мушкилот ба ҷонибдорони Аҳмадшоҳи Масъуд  эҷод кардани толибон маънии ҷанг алайҳи онҳо, яъне тоҷиконро дорад. Аз сиёсати духӯра, дурӯяи  баъзе аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ қавму миллатҳои  Шимоли Афғонистон дар парокандагӣ қарор доранд. Парокандагии онҳоро толибон мехоҳанд,  абарқудратҳое мехоҳанд, ки андешаи айни ҳамин сиёсатро миёни мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ доранд.

Ҳарифон ҳамеша ҷои заъфи тарафи муқобилро меҷӯянд. Кишварҳое заиф ҳастанд, ки дар дохилашон тафриқаандозӣ зиёд аст. Пӯшида нест, ки аз ифротгароӣ сар карда то ҷомеаи норизо миёни сокинони Осиёи Марказӣ кам нестанд. Онҳо замина барои толибонанд. Пас толибон хушназар ҳастанд. Вале, ба ҳар сурат зарурат ба баҳона доранд. Вале боз неруҳои абарқудрате ҳастанд, ки ин баҳонаро барояшон муҳайё месозанд. Мегӯянд, ки яке аз суҳбатҳои пасипардагии Президенти ИМА Ҷозеф Байден бо Президенти Русия Владимир Путин сари мавзӯи сохтани пойгоҳи низомӣ,  ҷой додани неруҳои низомии Афғонистон дар хоки Тоҷикистон буд. Тибқи назари публисисти сиёсии шведӣ И. Шамир, ин пешниҳоди Байденро Путин бо қатъият инкор кардааст. Қатъияти Путин беасос нест. Маҳз чунин пойгоҳ метавонад сабабгори ҳуҷуми толибон ба Тоҷикистон ва аланга задани оташи ҷанг дар Осиёи Марказӣ гардад.

Таҳдиди толибон ба хоки Осиёи Марказӣ каждумҳои зери бурёро аз нав ба ҳаракат меорад, мардуми оромро ноором месозад, метавонад мавҷи муҳоҷиратро ба бор оварад. Бе ин ҳам ин мавҷ рӯз ба рӯз боло меравад. На танҳо кадрҳои барои кишвар чун обу ҳаво зарур Тоҷикистонро тарк мекунанд, балки мардуми оддӣ ҳам ба онҳо пайвастаанд. Одамон ҳатто хонахез мераванд. Албатта, инро дида, худро нодида мегирем, ки  шояд оқибати хуб надорад. Офтобро аз зери домон раҳондан, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст. Ҳар қадар зиёдтар хомӯшӣ ихтиёр кунем, захм бештар баданро фаро мегирад.  

Таърихи 3 июл  пойгохи низомии Багромро тарк кардани неруҳои ИМА ҳодисаи ногаҳонӣ бад. Он анҷоми ҷанги ИМА дар Ветнамро ба хотир меоварад. Баробари Сайгонро тарк кардани неруҳои ИМА, неруҳои ветнамӣ ҳам ин пойгоҳро тарк карданд. Чунин як ҳодиса дар Багроми Афғонистон низ сурат гирифт.

Оё дар Афғонистон чун дар Ветнам мусолиҳаи миллӣ ба бор меояд? Ё Афғонистони якпорча пора – пора мешавад? Саволҳо беш аз посухҳоянд.

Вале саволи муҳимтар аз ҳама – Тоҷикистонро чӣ интизор аст? 

Дар чунин вазъият чӣ бояд кард?

Тоҷикон дар Осиёи Марказӣ уқоби болшикастаро мемонанд. Боли тоҷикони Афғонистон ҳам шикастан дорад. Ин сиёсати ибтидои асри ХХ тарҳрезишуда аст, ки то имрӯз идома дорад.  Ба як нукта пайваста задани путк, миёни миллат он тараф истад, миёни оҳанро ҳам мешиканад. Билхоса, замоне ки миллат моҳияти тафриқаандозиро дарк намекунад.

Миллатҳои кӯчак дар тӯфони асри ХХI тоб оварда метавонанд? Нависандаи доғистонӣ Расул Ғамзатов масали хубе дорад: “Марди танҳоро ханҷари тез мебояд, миллати кӯчакро дӯсти бузург”. Дар ин рӯзи маҳшар кӣ метавонад дӯсти бузарги кишвари тоҷикон бошад?

Русия?

Эрон?

Чин?

Амрико?

Ё сарнавишти дигаре моро интизор аст?

Хонанда чӣ мегӯяд?

Шариф Ҳамдампур

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.