Зани қаллоб моро фиреб доду ғайб зад

Ба таваҷҷуҳи Вазорати корҳои дохилӣ!

Ба сомонаи Pressa.tj якгурӯҳ занҳо бо ариза муроҷиат намуданд, ки он чунин аст:

АРИЗА

Дари баробари аризаи худ ба шумо маълум мена моем,ки др давоми чор моҳи охир зане бо номи Сонияи Шамсиддин (баъдатар маълум шуд,ки аслан Сонияи Фақер будааст) ба мо бо нархи арзон равғану шакар ва дигар маводи хурокворӣ пешниҳод менамуд. Дар ҳақиқат, ӯ бори аввал ба ивази роавғани 5 литра 50 сомонӣ,шакар 5 сомонӣ ,айна 27 сомонӣ ва дигар чизҳоро ба мо дастрас намуда,ба боварии мо даромада,барои овардани чунин маводҳои арзон аз мо маблағҳои зиёд гирифту бо ҳамин ғайб зад ва дигар телефлнаш ҷавоб намедод.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем,ки акси ин зани фиребгарро дар сомонаатон ҷой диҳед, то ки дигарон чун мо ба фиреби ӯ наафтанд.

Ҳамзамон, аз Вазорати корҳои дохилӣ дархост менамоем,ки шахсияти ин занро муайян намуда, зарари ба мо раоснидаашро барқарор намояд ва барои фиреб додани шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Бо эҳтиром, сокинони маҳллаи “Бинокорн” ноҳияи Шоҳмансур:

Мадалиева Мавлуда
Нарзуллоева Нигина,
Фатҳуллоева Гулрӯ
Абдуллоева
Ҳакимов С.



Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *