Зани ҷӯгӣ шавам?

Салом хонандагони азиз! Хонандаи ҳамешагии “Оила” ҳастам ва мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам.

Бубахшед, ки номи аслиамро намегӯям, чунки падару бародаронам ба редаксия муроҷиат карданамро фаҳманд, маро зинда ба зинда пӯст мекунанд. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ман духтараки 18-сола ҳастам ва дар яке аз ноҳияҳои наздики пойтахт зиндагӣ мекунам. Дар дил орзую ҳавасҳои зиёде доштам. Мехостам баъди хатми мактаб ба Донишкадаи тиббӣ дохил шавам ва хонда духтар шавам. Кӯдаконро бисёр дӯст медорам ва табиби кӯдакона шуданӣ будам, аммо падарам ба рӯйи орзуҳои ман хати батлон кашида, маро ба як ҷавони ҷӯгӣ барин сиёҳ, ки тамоми духтарҳои деҳаамон аз ӯ ҳазар мекунанд, ба шавҳар доданист. Рӯю мӯямро канда гуфтам, ки ман ба он маймуни пашмин намерасам, вале падарам “ман бо очаи вай дар як синф хондагӣ, хоҳӣ-нахоҳӣ ба писари ҳамсинфи ман мерасӣ” гӯён, маро маҷбуран ба Ҷунайд фотиҳа кард.  Модарам аз тарси падарам чизе гуфта наметавонист, вале холаам тарафамро гирифта, маро ба хонаи худаш овард ва розӣ набудани маро ба модари Ҷунайд гуфта, хоҳиш кард, ки фотиҳаро гардонад. Он зани шаттоҳ бо шунидани ин гап қиёматро қоим карда ба сари холаам дод зад, ки ман аллакай гапро бо падари арӯс пазондаам, ту худат кистӣ, ки кори моро вайрон мекунӣ?!

Дар миёни дуроҳаи зиндагӣ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Баъзан аз дарду алам мехоҳам даст ба худкушӣ занам, вале боз гиребони тавба медорам. Аз зани Ҷунайд шудан мурдан авлотар аст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ тавр аз ин ғули пашмин халос шавам?

Алмира, хонандаи “Оила”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *