Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода,

ба раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Қурбонзода Ҳилолбӣ  Ҷумъахон

Вақте ки модару духтар мегирянд

«Духтарамро ҳар шаб бо раис як ҷо хоб мебинам. Дар пеш боз ягон балое набошад?»

Аз гуфтаҳои

Муборак Ҳоҷиева

.

Фарида дар назди дари директори мактаб ангушт дар даҳон рост истода, ҳайрон-ҳайрон ба ҳозирин нигоҳ карду баногоҳ чашмаш ба модараш афтод ва истиҳола накарда, худро ба оғӯши ӯ афканду инони гиряро сар дод. Ҳарду баробар мегиристанд. Модар мисли гурбае, ки бачаашро мелесад, рухсораҳои ашколуди духтарчаашро бӯсаборон мекард. Ба директори мактаб ва муаллими куҳансоле, ки дар паҳлуям нишаста буд, нигаристам. Онҳо низ ашки чашмонашонро ноаён пок мекарданд. Охир духтарро аз модараш бо қарори ҳукумат ҷудо карда буданд! Пас аз андаке ором шудани модару духтар коғази дастамро ба директор дароз карда гуфтам:

-Муаллима, минбаъд бо қарори нави ҳукумати шаҳр сарапарастии Фарида ба модараш вогузор шудааст ва ӯ масъули тарбияи кӯдак мебошад.

Директор пас аз шинос шудан бо нусхаи қарор онро ба ман дароз карда гуфт:

-Дар қарори аввала Озод сарпараст таъин шуда буд… Аз ҳамин хотир модараш наметавонист бо ӯ вохӯрад…

Чун аксари мардуми аз қазия огоҳ чӣ гуна сурат гирифтани ин ҳодисаро медонистанд, шарҳу эзоҳи зиёдатиро ба худ раво надониста, хостам аз ҳуҷраи директор берун шавам, аммо чашмам ба Фарида афтод, ки худро  ба модараш ҷафвстар мекард, гӯё ҳарос аз он дошт, ки боз онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд. Шояд қалби тифлонааш гувоҳӣ медод, ки ин моҷаро ҳанӯз ба поён нарасидааст…

Марге, ки маҳкум    ба марг кард…

«Бисёр мехоҳам худамро кушаму аз ин азобҳо раҳо шавам, вале пеши назарам арвоҳи раис пайдо мешаваду мегӯяд, «занак, Фаридаро танҳо нагузор…»

Аз гуфтаҳои

Муборак Ҳоҷиева

…Моро ба шаҳри бостонии Истаравшан номаи ҳамсари бевамондаю бесаробони дар гузашта яке аз машҳуртарин раисони ин ноҳия, Депутати Совети Олӣ Олим Сайфиев (иштирокчии Иҷлосияи таърихии  16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб) овард. Муборак Ҳоҷиева дар номаи худ навиштааст, ки пас аз марги шавҳараш фарзандони ӯ, махсусан Озод ном писараш ягона духтарчаи нӯҳсолаашро  бо қарори муовини раиси шаҳр аз ӯ гирифта, худашро аз хона рондааст. Ростӣ, дар оғоз бовар накардам, ки чӣ гуна метавонанд фарзандро аз модарааш ҷудо кард. Зеро барои чунин иқдом дар қонунгузорӣ   асосҳои ҷиддие пешбинӣ шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо номукаллаф будани модар, яъне доштани ягон бемории рӯҳие, ки метавонад ба кудак зарар расонад ва ё модаре, ки ҷинояти вазнин содир намудаасту дар маҳбас аст ва боз чанд ҳолате, ки қонун пешбинӣ намудааст, лозиманд. Шояд чунин ҳолатҳо мавҷуданд ва онро ба назар гирифтаанд? Аммо вақте бо воқеият рӯ ба рӯ шудем, фаҳмидем, ки гап комилан дар ҷои дигар будааст.

-Ман соли 2007 пас аз марги ҳамсарашон ба раис (Муборак шавҳарашро ҳамин тавр меномад) ба шавҳар баромадам. Зиндагамон хуб буд. Соли 2012 соҳиби духтарча шудем, ки шавҳарам ба ӯ меҳри хосса доштанд. Он кас, ки солхӯрда буданд, доим мегуфтанд, ки пас аз марги ман набояд Фарида хор шавад. Бо ҳамин мақсад, дар як гӯшаи боғашон якҷоя хонае бино кардем ва ба ман гов харида дода гуфтанд, ки насли онро зиёд кун, дар оянда хор намешавӣ. Ният доштем, ки ҳамин сол ба он хона кучида равем. Ҳатто баъзе чизҳоямонро бурда будем. Аммо умр вафо накард ва моҳи майи ҳамин сол Раис якбора вафот карданд. Пас аз ин, фарзандонашон духтарамро гирифтанду худамро ба куча патофтанд.

Муборак ба Раис хизмат кардааст…

«Ҳоло як шаб дар як ҷою шаби дигарро дар хонаи ягон ёру ошно рӯз мекунам. Хонаи падариам дар ноҳияи Шаҳристон аст, аммо ман намехоҳам аз духтарам дур бошам…»

Аз гуфтаҳои

Муборак Ҳоҷиева

-Ман аз ин моҷаро хуб огоҳ ҳастам, — мегӯяд Дилафрӯз Рӯзибоева, директори мактабе, ки дар он ҷо Фарида дар синфи сеюм таҳсил мекунад. -Боре шабона дарвозаи маро заданд ва вақте берун баромадам, дидам, ки модари Фарида бо либосҳои дарида дар паси дар истодааст. Аз рӯи гуфтааш, вайро Озод задаасту аз хона рондааст, ки «падарам буд, ту будӣ акнун ту раву хоҳарамон бо мо мемонад». Раҳмам омаду ӯро ҳамон шаб ҷой додам. Субҳ раиси маҳалла пешниҳод кард, ки ӯро ба хонае, ки қаблан зиндагӣ мекард, яъне ба хонаи Озод бурда, онҳоро ба муросо орем. Мо паси дарвозаи Озод рафтем, вале ӯ бо таҳқиру дашном дарвозаро ба рӯямон боз накарду ба ягон хел гузашт нисбат ба модарандараш, ки ба падарашон хизмат кардааст, розӣ нашуд…

-Чаро Муборак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накард. Чаро ба вай чунин маслиҳат надодед?

-Рости гап, айби мо шуд. Нахостем обрӯи як мардеро, ки мардум мешиносанд, резем….

Раиси маҳаллаи Зарнисор гуфтаҳои директорро тасдиқ намуда мегӯяд: «Кори хуб нашуд, Муборак ба раис 15 сол дар дами пириаш хизмат кард, аммо дар чунин ҳолат гузоштани вай аз рӯи инсоф нест. Аммо чӣ тавр сарпараст шудани Озод ба хоҳарашро аз ман напурсед. Ин кори ҳукумат аст, ки киро васӣ ё сарпараст таъин мекунад….

Қарор ва «антиқарор»

«Шавҳарам ҳуҷҷатҳо, ман ва худашро ба писараш дод, ки ақди никоҳамонро қонунӣ кунад. Вале баъди ҳар пурсиш мегуфт, ки «баъдтар мекунем». Дар охир гуфт, ки онҳоро гум кардааст»

Аз гуфтаҳои

Муборак Ҳоҷиева

Вақте, ки ба назди мутасаддии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати шаҳр Худойназар Эралиев даромадем, ӯ зуд қарори зидди қарори пешинаро бо имзои муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода пешниҳод намуд. Бо суръати кайҳонӣ пайдо шудани ин «антиқарор» ҳайрон карда бошад ҳам, пурсидем:

-Магар модари Фарида аз уҳдаи иҷрои вазифаи модариаш набаромад, ки чунин қарор қабул карда шуд ва дар асоси кадом ҳуҷҷат?

-Хато шудааст, мо ба гуфтаҳои Озод дар бораи он, ки модараш розӣ аст, бовар кардем. Ҳоло пас аз ариза додани Ҳоҷиева дар ин бора ин хатои худро ислоҳ кардем…

Мо намедонем, ки ин «хатоҳо» чанд бор содир шудааст. Аммо магар метавон дар таъйини тақдири инсон ба чунин «хато»роҳ дод?

Дар рафти ин тадқиқот боз як «хатои» дигар ҳам ошкор гардид, ки аз он бӯи ҷиноят меояд. Дар зодномаи (шаҳодатнома таваллуд) Фарида гуфта шудааст, ки ин ҳуҷҷат моҳи апрели соли 2012 дода шудааст. Аммо тавре модари Фарида мегӯяд, ӯ то замони мактабравиаш зоднома надошт. Чун ин чиз мавриди тафтиш қарор гирифт, маълум шуд, ки таҳти рақами қайди соли 2012 (№ 285) номи шахси дигар навишта шудааст… (Ба акс нигаред

Ноинсофӣ шуд…

«Аз ҳамаи хешу ақрабо ва ҳамсояҳо пурсед, мегуянд, ки ба раис хизмат карда будам ё не. Он кас барои ману  духтарашон ҳеҷ чизро дареғ намедоштанд…»

Аз гуфтаҳои

Муборак Ҳоҷиева

…Чеҳраи  нуронӣ, вале ҷиддии Абдуҳамид Маҳмудов (яке аз хешовандони Олим Сайфиев) гувоҳи он буд, ки ин марди қариб 70 сола пастию баландиҳои зиёди зиндагиро паси сар кардааст. Ҳини суҳбат он кас ҳар замон сар ҷунбонда «афсус…» мегуфтанд. Сабаб пурсам, гуфтанд:

-Афсус аз он мехӯрам, ки раисбобо аққалан боз як соли дигар зиндагӣ накарданд. Шояд он вақт ин моҷароҳо намешуд. Он кас зани худро, ки дар пирӣ дастгирашон шуда буд, эҳтиром мекарданд ва духтарчаашонро хеле дӯст медоштанд. Борҳо ба ман гуфта буданд, ки насиб бошад, Фаридаю модарашро ба хонаи дар боғ сохтаамон кучонда мебарам. Аммо ногаҳон вафот карданду ин орзуяшон амалӣ нашул ва байни фарзандону модарандарашон моҷаро хест. Ин зан то ҷое, ки ман хабар дорам, дар сохтмони ҳамон хонаи нав ҳам саҳм дорад. Мисли дигар занҳо пухту пази устоҳоро мекарду бояд ба вай низ ҳисса ҷудо мекарданд…

-Шумо чун як шахси ба ин оила наздик, чаро ба Озод нагуфтед, ки ҳамсари падарашро озор надиҳаду аз хона наронад?

-Борҳо насиҳат кардам, аммо…Намедонам сабаб чист, ки чунин шуд ва ман ҳоло танҳо афсус мехӯраму халос…

Ин суханонро боз чандин нафари дигар ҳам тасдиқ намуда, гуфтанд,ки то  охирин лаҳзаи умри бобои Олим занаш ба вай содиқона хизмат кардааст…

Қонун: ҳаќ дорад,вале меросхӯр нест

“… комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) ваколатҳоеро амалӣ менамоянд, ки низомномаи онҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон муқаррар менамоянд.

Иқтибоз аз Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи

ҳуқуқҳои кўдак»

…Тавре ҳуқуқдонҳо гуфтанд ва ин чиз дар санадҳои ҳуқуқӣ мавҷуд аст, чун Муборак ба таври расмӣ бо Олим Сайфиев никоҳи расмӣ надорад, ӯ ҳаққи гирифтани меросро надоштааст. Аммо духтари аз ин никоҳи  ғайрирасмӣ ба дунё омада, яъне Фарида метавонад меросхури падараш бошад. Гузашта аз ин, нафақаи падараш (1200 сомонӣ) то ба синни балоғат расидани ӯ дода мешавад. Мо гуфта наметавонем, ки фарзанди раиси баобрӯ Озод ба хотири нангу номус мехост хоҳари ноболиғи худро сарпарастӣ кунад (дар ҳоле, ки модараш зинда асту ин вазифаи ӯст) ё тавре баъзеҳо шарҳ медиҳанд, ба хотири боғу хонаи навсохти падар ва 60 сотих дарахтони мевадиҳандае, ки ӯ барои духтарчааш бунёд кардааст, модарандарашро ба куча ронд. Хостем қазияро аз даҳони худи ӯ шунавем. Аммо гуфтанд, ки ҳоло ӯ дар рухсатӣ аст ва дарёфт карданаш душвор.

Андеша сари он аст, ки агар ӯ воқеан ҳам шод кардани рӯҳи падарашро хоҳад, бояд модарандарашро, ки таи 15 сол ба ҷои модараш модар буд ва ҳоло модари хоҳари аз падараш ба дунёомада мебошад, эҳтиром мекард. Ин тақозои одоби инсонист. Ҳукуматдорони шаҳр низ барои поймол нашудани ҳуқуқи Фарида мебоист аввал ҳуқуқҳои модари ӯро ҳимоя мекарданд. Мантиқан, бояд чунин мешуд, аммо онҳо бо роҳи дигар рафтанд ва паи манфиати кудаку модараш не, балки онҳое рафтанд, ки эшонро ба гуфти худашон гумроҳ карданд. Хуб шуд, ки комиссияи шаҳрӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак иштибоҳи худро фаҳмид. Аммо оё Озод, ки қаҳрамони асосии ин мақола асту ба хотири ҳифзи обрӯи сохторе, ки дар он ифои вазифа менамояд, ҷои корашро расонаӣ накардем, иштибоҳи худро дарк мекарда бошад?

Боз як шаби бехонаю бедухтар…

«Дастони модар аз матои меҳрубонӣ бофта шудаанд, тифл дар болои он хоби бароҳат дорад»

Иқтибос аз

 Виктор Гюго

…Пас аз бозгашт ба Душанбе бо мо сардори раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯминова дар тамос шуда, гуфт:

-Дар вақти сафари шумо ба шаҳри мо ман худ дар сафари хизматӣ будам. Аммо аз қазияи Муборак огоҳам ва се нафар ҳимоячиро ба дафтари кориам даъват намуда, рӯ ба рӯ ҳуқуқҳои ин занро фаҳмонидем. Ман Озодҷонро ҳам даъват намудам ва он кас гуфтанд,ки азбаски Фарида фарзанди падарашон аст, он кас таъминоти духтаракро ба зимма мегиранду модарашро наметавонанд…

Аҷиб, Муборак талаби онро накардааст, ки ӯ ва духтарашро таъминоти молӣ кунанд. Ӯ танҳо мехоҳад, ки дар хонае, ки дар вақти зиндагӣ якҷоя бо шавҳараш сохтааст, зиндагӣ кунаду духтарашро тарбия намояд.

Барои ислоҳи ин хатои худ (агар ӯ аз карда пушаймон шуда бошад) танҳо модару духтарро ба ҳоли худ гузоштану манзили онҳоро муайян кардан лозим асту халос. Зиндагии минбаъдаи онҳоро нафақаи нисбатан калони падари Фарида, говҳои ба воя расондаи Муборак ва боғи меросии раис таъмин мекунад. Тавре дигарон гуфтанд, маҳз ҳамин  чизро падари раҳматиаш мехост…

…Вақте аз Истаравшан баромадан ба Муборак занг зада пурсидам, ки ҳоло дар куҷост.

-Ба хонаи як хеши дурамон равонаам, шавҳараш дар Русия. Агар розӣ шавад, шаб он ҷо мемонам. Ба ҳар ҳол, ба ҷои зисти Фарида наздиктар. Ман, ки аз хона бехона шудам, ӯро бо худ ба куҷо барам? Умед дорам, ки  субҳ ӯро аввалин шуда мебинам…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

Душанбе – Истаравшан – Душанбе

«Тоҷикистон»

P.S. Вақте, ки маводи мазкур омодаи чоп мегардид, директори мактабе, ки дар он Фарида таҳсил мекунад,занг зада гуфт ки Озод ба мактаб омада, дар назди муаллимону хонанадагон моҷаро бардошт, ки чаро духтарчаро ба модараш додаанд. Ба зангҳои пайвастаи мо дар ин маврид Озод Сайфиев ҷавоб надод…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *