Занон гоҳо мардона дӯздӣ доранд…

Аҷаб замонае, шуд. Ҳар кас бо ҳар роҳе, ки хоҳад фиребат медиҳад, роҳгумат мезанонад, чашмбаният менамояд,бо ҳазорон қасами бардурӯғ ба боварият даромада, баъдан пулатро медӯдад, хонаатро мефурӯшад, мошину молу ҳолатро ғорат ғорат менамояд…

Зани 29-сола 30 ҳазорро дуздид

Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо ариза марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми сентябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳрак бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Рассомро ба миқдори 50 ҳазор доллар ғорат кард


Инчунин, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми сентябри соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҷавонзани 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 247-адад расмҳои ба тариқи дастӣ кашидашударо дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Хонаро фурӯхт соҳибаш хабар надорад

Зани 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри мазкур бо ариза ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-уми июли соли 2021, зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Ваҳдатро гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро дуруст карда медиҳад, аммо хонаи истиқоматиро ба маблағи 263 ҳазор сомонӣ ба дигар шахс фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

50 ҳазор долларро гирифту барнагардонид


Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2014 дар назди бинои истиқоматиаш марди 44-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 14 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағи 36 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Садама дар дохили нақби Истиқлол

Рӯзи 13-уми октябри соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда СРВ», Ҳакимов Икромиддин Маҳмадович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар дохили нақби «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-Атеко», ки ба Қурбонов Бахтиёр Юлдошевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ёвон тааллуқ дорад ва дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Хонда СРВ», Бобокалонова Зулайхо Тоҳировна, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона овардан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ноболиғ зери чарх монду ронанда гурехт

Мутаассифона, рӯзи 13-уми октябри соли 2021, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Панҷакент-Самарқанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Каримов Қобил Уралбоевич, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ноболиғ, Каримов Қ.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Тавқиев Равшанбек Субҳонқулович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Кӯшониён, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *