Занони маъюб: Мо аз шахсони солим камӣ надорем

“Мехостам барои одамоне, ки имкониияташон маҳдуд аст ва бештари вақти худро руйи аробачаю кунҷи танҳоӣ мегузаронанд, имкони кор ва машғулият фароҳам созам”, − қисса мекунад Зайнулло Муродов.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ин занони шоду рӯҳбаланд бо шарофати ҷойи корашон хушҳол ҳастанд. Инҳо ҳам худро одами нолозим эҳсос намекунанд ва ҳам дастнигари наздиконашон нестанд. Ҳатто баъзеяшон ба наздиконашон кумаки молӣ мерасонанд.

Аз замоне ки дар ҷамоати деҳоти Дашти Гулои ноҳияи Ҳамадонӣ коргоҳи дӯзандагии «Равонбахш» бунёд шудааст, кор дар ин ҷо пурҷӯшу хуруш аст. Дар ин коргоҳ 25 зани дорои маъюбии мухталиф фаъолият мекунанд. Мудирияти онро Зайнулло Муродов ба ӯҳда дорад.

Зайнулло Муродов 20 сол пеш дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ пойҳои худро аз даст додааст. Маъюби дараҷаи якум аст. Ӯ аз таҷрибаи худаш мушоҳида кард, ки барои одамони маъюб пайдо кардани кор хеле мушкил аст. Тасмим гирифт барои касони мисли худаш ҷойи кор бунёд бикунад. Дар ҳоли ҳозир ӯ беш аз 60 нафар сокинони маъюби ноҳияи Ҳамадониро бо ҷойи кор таъмин кардааст.

Дар доираи Лоиҳаи (LITAСA) курсҳои омӯзишии касби дӯзандагӣ барои шахсони маюбиятдошта ташкил карда шуда, 30 нафар шахсони дорои маюбии гуногун дар ҷамоати Дашти Гуло фаро гирифта шуд. Баъди хатми ин курсҳо зарурияти таъминоти ин шахсон бо ҷойи корӣ ба миён омад. ТҶ «Равонбахш» лоиҳаи грантӣ ба БРСММ оиди ташкили коргоҳи дузандагӣ пешниҳод кард, ки он аз тарафи лоиҳаи LITAСA дастгирӣ ёфт.

Сафаргули Анвар, яке аз хатмкунандагони ин курси дузандагӣ ва дузандаи ин коргоҳ бо камоли хушҳолӣ мегӯяд: “Аз вақте ин коргоҳ фаъолияташро оғоз кардааст, вазъи рӯҳии ҳамаи мо бисёр хуб шудааст, доим хушҳолему баъзе рӯзҳо рақс ҳам мекунем».

Аз ифтитоҳи ин коргоҳ сокинони ҷамоат низ хушҳоланд, зеро таъсири он ба мардуми маҳалла бисёр муассир аст. Аввал ин ки духтарону занон вақте диданд, ки ҳамсояҳои дорои имконияти маҳдудашон даст ба кор шудаанд, онҳо ҳам дигар аз бекоргардӣ шарм дошта кушиш кардаанд касбу кореро ёд бигиранд.

Дуввум ин ки ҳангоми ҷашну арӯсиҳо аз маркази ноҳияву деҳаҳои ҳамсоя дӯзанда намекобанд. Балки дар  маҳаллаи худашон дар як коргоҳ аз тоқию, курта то суфраю рафидаю рахти хобашонро медӯзанд.

Ҳамчунин, дар мавсими таътили муассисаҳои омӯзиши онҳо дар коргоҳашон барои донишомӯзон курсҳои гуногуни дӯзандагиро роҳандозӣ мекунанд.  

Муштариён сифати кори дӯзандаҳои ин коргоҳро баланд арзёбӣ карданд. Бештарин супориши мардум таҳияи ҷиҳози арӯсӣ ва рахти хоб мебошад.

−Дузандагӣ кори вазнин нест, он сабр ва майдакориро тақозо дорад, − бо ифтихор мегӯяд Лайлӣ Нурова, роҳбари коргоҳи “Равонбахш”. Ӯ бо як хушҳолӣ меафзояд, ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки сифати кории мо нисбат ба сифати маҳсулоти фабрикаҳои дигари ҷумҳурӣ беҳтар аст. Зеро мо одамони маъюб зиёд ҳаракат карда наметавонем ва ба шиштану кори дастӣ кардан одат кардаем. Ғайр аз ин ҳамеша кӯшиш мекунем кори худро дубаробар беҳтар иҷро бикунем, то ки исбот бикунем, ки мо ҳам аз дигар одамон ҳеҷ камӣ надорем.

ТҶ “Равонбахш” таи се соли охир ду нақшаи тарҳрезӣ кардаашро бо воситаи  Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» (LITAСA) амалӣ гардонд. Яке коргоҳи дузандагӣ ва дигаре фаъолияти замбурпарварӣ мебошад. Тибқи Лоиҳаи замбурпарварӣ барои 30 нафар сокини имконияташон маҳдуди ноҳия 2 қутти занбур тақсим кардааст, ки барои оғози соҳибкории замбурпарварӣ кумакашон кунад. 

Дар доираи лоиҳаи замбурпарварӣ бо ибтикори маркази шуғли аҳолии ноҳия омӯзишҳо баргузор шуд.  Мақсади асоси лоиҳаи занбурпарварӣ, низ ба роҳ мондани соҳибкорӣ миёни одамони имконияташон маҳдуд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *