Зарифӣ: Дар Панҷакент фақат пулғундорист!

Исмоил Зарифӣ, шоир ва рӯноманигор дар матлабе дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависад, ки дар шаҳри Панҷакент ба ҷуз пулғундорӣ дигар коре нест.

Ӯ гуфтаашро бо он асос мекунад, ки соли 2020 ҷашни 5500-солагии Саразми бостон аст, аммо шукуҳу шаҳомати он ба таври гарм эҳсос намешавад.

 “Ягон кӯча ҳам обод нашуду ягон китоб ҳам чоп нашуд. Ҳама шаҳрҳо соҳиби энсиклопедия шуданду мо не. Китобе тартиб додем, аз ҳаёту эҷодиёти 50 нафар аъзоёни Иттифоқи нависандагон. Раиси шаҳр ваъда карду ба ваъда вафо накард. Маорифи шаҳр китоби Нуралӣ Дӯсталиев ва Исои Маҳзунро бо варақаҳои нолозим маҷбурӣ дар мактабҳо фурӯхта истодаанд. Ростӣ ба ҷашн ягон дилгармӣ намонд. Мо аз ин ҷашн ободӣ таманно доштем, на фиребу пулғундорӣ”- бо нигаронӣ иброз медорад Зарифӣ.

Зарифӣ дар ҳошияи ин андешаҳояш пешниҳод дорад, ки “кош боре чун дигар шаҳру ноҳияҳо калоне аз ҷануб меомаду шаҳри моро ранги шаҳр мекард”.

Манзури ӯ кадрҳои қисмати ҷануби Тоҷикистон дар Панҷакент роҳбар таъин шаванд ва шаҳрро обод созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *