Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Журналист Далер Шарипов куҷо ғайб зад?

Далер Шарипов замоне журналисти машҳури ТВ “Сафина” ба сӯҳбати нафарони номаълум рафта бедарак шудааст. Дар ин бора рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” хабар медиҳад.

https://www.facebook.com/photo.php

Раҷаби Мирзо менависад:

“Дирӯз ба журналист Далер Шарипов кадоме занг задаву ӯро ба сӯҳбат даъват мекунад. Соати 11 -и рӯз. Аммо аз ҳамон вақт бедарак аст. Дертар, наздиконаш гуфтаанд, ки аз хонаашон компютер ва чизҳои дигари ӯро бурдаанд. Вале то ҳанӯз ба онҳо касе намегӯяд, ки ӯ дар куҷост. Кадом мақомот нигаҳдориаш мекунад ва бо чӣ ҷурм? Аз дина боз пайвандонаш ӯро меҷӯянд. Шаб ба чанде аз мақомот муроҷиат кардем, вале онҳо гуфтанд, ки аз ин қазия бехабаранд.

Қонунгузорӣ, то ҷое медонам, дар ин ҳолатҳо тартиботи худро дорад ва ҳатто ба муҷрим ё гумонбаршуда имкони хабар додан ба хешу таборро медиҳад. Пас чаро чунин иҷозатро ба Далер намедиҳанд? Ҳоло вакили мудофиаи як созмон ваъда дод, ки ба ин кор машғул мешавад. Лутфан дигарон ҳам бетараф набошед. Бигзор ҳама гуна бархӯрд дар доираи қонун сурат гирад”.

Бояд гуфт, ки Далер Шарипов замоне шинохта гардид, ки дар замони фаъолияташ дар ТВ “Сафина аз тарафи ашхоси номаълум мавриди латукӯб қарор гирифта буд.

Аммо дирӯз дар хусуси аз тарафи кадом мақомот даъват шудани Шарипов ва куҷо ғайб задани ӯ ҳанӯз шарҳе нест. Бо ба даст омадани маълумоти ҷадид сомонаи Pressa.tj хонандагонро аз асли воқеа хабардор хоҳад кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.