Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Журналист миллионер мешавад? Чор иштибоҳе, ки пас аз онҳо устодро шинохтам

Аз чор соли донишҷӯӣ як дафтар дорам, дафтари куҳнаву дарида,дафтаре, ки ба ҷуз худам ба касе лозим несту намешавад. Дар он баъзан тезистҳо дорам, ки аксарашон аз устодону ҳамкурсонам мегӯянд. Дирӯз ман он дафтарро кушодаму чор иштибоҳамро ёфтам, ки дар зер меорамашон.

Иштибоҳи аввал:

Чӣ гуна метавон миллионер шуд?

Ман пеш аз ба донишгоҳ омадан ба ҷадвали дарсҳо шинос шудам ва ба муаллимони фанҳое, ки дар ҳақақат барои омӯхтани онҳо омода будам саволҳо тайёр мекардам. Дар дуюм рӯзи дарсӣ, ки аввалин соати фанни “Асосҳои журналистика”-ро муаллим Шарифзода ба мо гузаштанд, пас аз лексияи дарс аз устод пурсида будам:

– Устод, бо ҳамин касби мо чӣ гуна метавон миллионер шуд?

Пас аз шудани ин савол устод ҳайрон шуданд. Зеро бо шунидани чунин саволи бемаънову бемазмуну бемантиқ, ки боз аз забони як донишҷӯи курси аввал аст, барои устод ногаҳонӣ буд. Муаллим каме сукут карданд ва ҷавоб гуфтанд:

– Шумо журналистро бо бизнесмен иваз кардед. Журналистӣ ҷойи мансабхоҳиву пулхоҳӣ ва ҳатто пулкоркунӣ нест. Ин ҷода танҳо хизмат кардан ба мардум асту халос. Агар миллионер шудан хоҳед, пас бояд аз журналистӣ даст кашед…

Он замон бисёр сахтам расида буд. Вале баъдҳо ислоҳ шудам. Ва дарк кардам, ки калимаҳои“журналист” ва “миллион” танҳо дар ҷумлае меоянд, ки калимаи “миллион” пулро не, балки мушкилиро ифода кунад.

Иштибоҳи дувум:

Роҳбалади тамоми роҳҳо

Ҳанӯз аз солҳои аввали таҳсил ман каму бешу чалла палла бо нафарони фарҳангӣ мусоҳиба мекардам ва ин амал то андозае зидди мақоли “Сартароширо дар сари бузургон наомӯзанд” буд. Яъне, ман бовуҷуди надонистани муҳимиятҳои ин жанр ва огаҳ набудан аз кори матбуоти чопӣ бо аҳли зиё мусоҳиба мекардам.

Рӯзе дар роҳрави факултети бо муаллим Шарифзода вохӯрдам. Устод гарм аҳволпурсӣ карданд. Мо то айвони назди Ганҷинаи устоди равоншод Воҳид Асрорӣ рафтем. Устод сигор дуд доданд. Як, ду, се, сонияҳо паси ҳам ҳаракат мекарданд. Муаллим ба сухан даромаданд:

– Ҳафизуллоҳ, чанд мусоҳибаатонро хондам, бад не, вале мешавад, ки боз беҳтар кард. Ту устод Раҷаб Мардонро мешиносӣ?

– Каме беш – ҷавоб додам.

– Ҳадди ақал медонӣ, ки вай чӣ касбу коре дорад ва дар куҷоҳо кор кардаву чӣ хизматҳое кардааст?

– Ман медонам, ки он кас публитсист ҳастанд, бисёртар очерк навиштаанд ва охирин ҷойи корашон рӯзномаи “Ҷумҳурият” аст.

– Инҳоро донӣ хуб. Акнун, китобҳояшонро ёфта хон, нағзтар шинос шав ва пасон ман рақамҳои дастияшонро ба ту медиҳам. Як суҳбати хуб мебарояд…

Он рӯз ман мақсади муаллим Қироншоҳро нафаҳмида будам. Фикрҳои дарҳамбарҳаму бемантиқу ботил маро раҳо намекарданд. Пас аз он ки дар бораи устод Раҷаб Мардон хеле омӯхтам, мусоҳиба кардам, дар ҳафтаномаи “Пайк” чоп шуд ва пешу баъд аз гирифтани гонорар чандин нафарон аз хондани суҳбат ба хушҳолӣ хабар доданд, сарам ба осмон расид ва фикр кардам он аввалин матлаби ман буд, ки ба жанри мусоҳиба каме ҳам бошад, монандӣ дошт. Ҳамин тавр, дар ёфтан, шинохт, ҷараён ва баъзан чопи мусоҳибаҳоямон муаллим Шарифзода кумак мекардану ҳоло ҳам мекунанд.

Як рӯзи дигар тасодуфан дар ошхонаи “Шарқи озод” вохӯрдем. Пас аз пурсупосу аҳволпурсӣ устод гуфтанд:

– Чанд дақиқа вақт дорӣ?

– Бекорам, устод – ҷавоб додам.

– Бисёр хуб, аз паси ман биё – гуфтанд.

Мо аз ошёнаи аввал, ҳамонҷое, ки қисми зиёди мо таҳхонаи “ГЖК” мегӯемаш то 14-ум ошёна ҳамон, ошёнае, ки офиси Шӯрои ВАО буд баромадем. Устод дар ҳар ошёна наздики 10-15 дақақа ист карда, маро бо нашрия, кормандон ва журналистони собиқу собиқадори он ошёна шинос мекарданд. Ба чунин тарз ман бо аксарияти кулли расонаҳо ва журналистони дар “Шарқи озод” буда шинос шудам ва бо бархе ҳамкориро ҳам оғоз кардам.

Иштибоҳи саввум:

Ӯ дилсӯз аст!

Бисёриҳо шикоят мекарданд ва ҳоло ҳам мекунанд, ки муаллим Шарифзода сахтгир ҳастанд. Дар вақти хондани лексия ҷумларо ду бор такрор намекунанд, талаботашон нисбат ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён ниҳоят зиёд аст, дар вақти ҷавобдодани дарсҳо бисёр серталаб ҳастанд…

Мо аз ҷумлаи донишҷӯёне будем, ки барои серталабию ҷиддӣ будани устод ҳамеша чанд рӯз пеш дарсашонро омада мекардем. Албатта, маҷбуриву баъзан вақт ғайрихоҳиш. Чанд сол бо фикре будем, ки устод аз меъёр зиёд сахтгир ҳастанд ва забон ёфтан бо эшон душвор аст.

Вале агарчӣ ҳоло ман магистранти факултети журналистика ҳастам, бепарда мегӯям, ки дар ин даргоҳ нафароне чун устод Қироншоҳ Шарифзода кам ҳастанд. Бале, кам ҳастанд нафароне, ки дилашон ба донишҷӯ, кори эҷодӣ ва ояндаи журналистикаву журналистон сӯзад. Ва баъди чанде дарк кардам, ки дилсӯзии устод дар он будааст, ки мехоҳанд донишҷӯён беҳуда, бемақсад ва бенақшаи муайян набошанд. Яъне, агар нек нигарем, гуноҳи дилсӯзон ҳамин аст: мехоҳанд мо донову бино бошему вақтамонро беҳуда нагузаронем.

Иштибоҳи чаҳорум:

Зодрӯз

Шумо бояд ин навиштаро ду сол пеш мехондед, вале бо иштибоҳи ман, ки дар бораи устод навиштан бисёр душвор буд, ба таъхир афтод ва ҳоло барои сиёҳ карда тавонистани саҳифае шукр мегӯям.

Зодрӯзи муаллими дилсӯз, роҳнамо, ҷиддӣ, серталаб ва донову бинои мо– Қироншоҳ Шарифзода, ки дар телефони ман болои рақами дастияшон ШОҲИ ШАРИФ сабт шудааст, муборак бошад!

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Навруз 10.01.2020 16:28

    То о чем я всегда хотел написать и выразить свои пожелания именно в таком контексте!!!!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.