Самолиёт ҷасади журналистро ба деҳааш оварда буд…

Моҳи майи соли 1995 дар осмони Исфара ғайричашмдошт самолёти маъруфи Як-40 пайдо шуд. Як-40 дар нуқтаи ба замин наздик шуданаш аз болои ҳавлии мо дар Ҷӯйи Боло мегузашт. Аз он ки чанд сол вуруди самолёт аз байн рафта буд, аз нав пайдо шудани он ҳавопаймои фавқулода ба дили мо ҳар хел гап овард… Зеро замона нотинҷ буду ноамнӣ ҳама ҷоро фарогир. Дар ҳамон муҳити дилгиру хафақони иҷтимоӣ ба диламон ҳазор савол пайдо шуд: Чӣ ҳодиса рух дода бошад, самолёт намеомад, чаро боз омада бошад ва мисли ин…

Самолёт баъди чанд вақт, шояд 0,5-1 соат пас боз парвоз карду рафт… Боз гумонҳо гуногун боқӣ монданд… Аммо баъди чанд вақт равшан гашт, ки он самолёт фақат барои якбор ба Исфара омада буда ва дар он ягона ҷасади журналисти номӣ Насрулло Асадуллоевро овардаанд ва дар Чоркӯҳи зодгоҳаш ба қабр гузоштанд.

Баъди он рӯз ҳар гоҳе он самолёти ягонаи осмони Исфараи соли 95 ба ёдам расад, баробари он ҳамеша фазои фикрамро ному кори Насруллоҳи Асадуллоҳ фаро мегирад…

***

Гуфтовард аз навиштаҳои пешинам:

“Фаъолияти эҷодии Насрулло Асадуллоев чун рўзноманигори умедбахш ва хушсалиқа аз миёнаҳои солҳои 70-уми садаи бист аз остонаи нашрияҳои «Тоҷикистони советӣ» ва «Коммунист Таджикистана» оғоз ёфта, тадриҷан дар рӯзномаҳои умумииттифоқии шӯравӣ – «Комсомольская правда» ва «Литературная газета» идома намудааст. Яъне қаламкаши тоҷик аз доираи нуфузи кишварӣ ба эътибори умумииттифоқӣ расидааст.

Кор дар нашрияи «Маданияти Тоҷикистон», сипас «Адабиёт ва санъат» ғаризаи нависандагиашро ба намоиш меоварад. Насрулло Асадуллоев дар фосилаи умри кўтоҳи эҷодиаш тавонистааст, ки имконияти табъ, сабк ва қалами нависандагӣ ва рўзноманигориро ба ҳам оварад, қобилияти хосеро дар ин ду шохаи аъзами кори эҷодӣ нишон бидиҳад.

Соли 1988 ба узвияти иттифоқҳои журналистон ва нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Маҷмӯаи ҳикояҳои рӯзноманигор «Имтиҳон» (1980) ва «Санҷиш» (1982) дар Маскав ва Олмон нашр шуда, дар кишвари мо «Дўстон барои чӣ лозим?» (1986) ва «Овози шинос» (1988) дастраси аҳли мутолиа гардидаанд, ки дунёи рангини сабзи ормонҳои эҷодии муаллифро бознамоянд.

Борҳо соҳиби ҷоизаҳои арзишманд шудааст».

…Суханрониҳои Насрулло Асадуллоевро аз телевизиони Тоҷикистон борҳо шунидаем, ӯ бунёдгузори ҳафтаномаи “ТОҷикистон” (1992) низ буд, ки яке аз манбаъҳои хеле муҳим дар шинохт ва дарки моҳияти рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 90-уми садаи гузашта будааст.

Ӯро боре ҳам аз наздик надидаам, бинобар ин, фикр мекунам аз доираи рафтору инсонияташ донандаҳо, ҳамнаслонаш сухан кунанд. Худам бошам ягон фурсат оид ба асарҳои адабиву публитсистии Насрулло Асадуллоев ҷудогона хоҳам навишт…

70-умин соли зиндагиаш ба пайвандонаш хуҷаста бод!…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *