Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Журналистони тасодуфӣ. Чаро чор соли ҷавононро медуздем?

Имсол ҳам монанди 6 соли пеш шурӯъ аз 1 март давраи бақайдгирии довталабони макотиби олии касбӣ ва миёнаи махсус оғоз мегардад. Ба ин баҳона мо дар зер ба проблемае таваҷҷуҳ кардаем, ки бо вуҷуди гуфтанҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва рафъ шуданаш ҳам дар гумон аст. Ин проблема ба тайёр кардани кадрҳои журналистӣ рабт дорад. 

Дар куҷо журналист омода мекунанд?

Дар ҳоли ҳозир 9 муассисаи олии ҷумҳурии мо — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар дохили худ факултет ё бахши журналистӣ доранд ва аз рӯи 8 ихтисос — журналисти байналхалқӣ, WEB-журналист, журналист-тарҷумон, журналисти телевизион, журналист, воқеанигори варзишӣ, муҳаррири адабӣ ва умури нашриёт мутахассис тайёр мекунанд.

Нақшаи қабули факултаву шуъбаҳои рӯзноманигорӣ дар соли таҳсили 2019-2020 -ум 514 нафар буд, ки дар ин шумора ҳам таҳсилоти рӯзона ва ҳам фосилавӣ дохил мешаванд. Аз ин шумора ҳамагӣ 184 нафар ба таҳсили ройгон қабул кардан шуданд, ки 35,7 фисади шумораи умумии рӯзноманигоршавандаҳоро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки 330 нафар ё ки 64,3 фоизи дигар дар мизу курсии журналистӣ тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Маблағи таҳсил барои як сол дар факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ аз 2000 сомонӣ (ДОТ Рашт) то 5320 сомонӣ (ДМТ) муқаррар гардидааст.

Чаро дигар журналист “тавлид” намешавад?

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014, №138 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз ҳамон сол то инҷониб имтиҳони дохилшавӣ ба ихтисоси рӯзноманигории макотиби олӣ тавассути тест ба роҳ монда шудааст. Довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо дар қисми А — имтиҳонҳои умумии забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва дар қисми Б имтиҳоноти ихтисосӣ ҷой дода шудаанд, ки барои довталабони ихтисоси рӯзноманигорӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва забони хориҷӣ имтиҳони ихтисос гирифта мешавад. Номи имтиҳоноти қисми дувум ихтисосист, вале, мутаассифона, дар ин рӯйхат аз имтиҳонҳои ихтисоси рӯзноманигорӣ дараке нест.

Ин сабаб мешавад, ки аз мақомоти дахлдор оғоз карда, то одитарин мардум санги маломат мезананд, ба сари омӯзгороне, ки дар 9 муассисаи олии касбӣ ба журналистони оянда дарс мегӯянд. Саволи нешдор ҳамин аст “Чаро вақтҳои охир журналист намебарояд?”

Ин якчанд сабабҳо дорад:

— барои он ки мо солҳои охир журналистикаро аз адабиёт ва журналистро аз барандаи тӯй фарқ намекунем.

— барои он ки дохилшавӣ ба факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ бисёр осон ба роҳ монда шудааст, танҳо тест месупорӣ ва дипломи журналистӣ мегирӣ.

— ва аз ҳама муҳим, барои он ки қисми зиёди донишҷӯёне, ки ҳоло дар “билети донишҷӯ”-ияшон факултет ё бахши “рӯзноманигорӣ” навишта шудааст, тасодуфӣ мебошанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки як қисм онҳое, ки ба воситаи ММТ дар факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ таҳсил карда истодаанд, аслан хоҳиши журналист шуданро надоранд, танҳо холҳои ба дастовардаашон ба ҳамин ихтисос расидааст ва онҳо ба тақдир тан дода, мехоҳанд илоҷе карда, 4 сол рафтуо кунанд ва диплом ба даст оранд. Бачаҳо бошанд, барои давом додани таҳсил баҳонаи хубтаре доранд, онҳо аз хизмати аскарӣ халос мешаванд.

Агар бепарда гӯем, сабаби асосии ба факултету бахшҳои рӯзноманигорӣ роҳ ёфтани тасодуфиҳо як омил: барои довталабони риштаи рӯзноманигорӣ, ки касби эҷодӣ аст, набудани имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат аст.

Садо аз Маркази миллии тестӣ

Мо ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволи “чаро ба довталабони риштаи рӯзноманигорӣ имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат пешбинӣ намешавад ё накардаед?” муроҷиат намудем.

Аз Маркази миллии тестӣ ба мо гуфтанд: “Ихтисосҳое, ки имтиҳони эҷодиву маҳорат доранд, аввал деканат ба раёсати донишгоҳ ва донишгоҳ ба Ҳукумат ва пасон Ҳукумат ба мо пешниҳод мекунанд. Мо танҳо иҷрокунанда ҳастем. Ногуфта намонад, ки барои соли таҳсили 2020-2021 пешниҳодҳо ба мо то моҳи август шуда буданд”.

Яъне, аз Маркази миллии тестӣ мегӯянд, ки имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат насупурдани довталабони риштаи рӯзноманигорӣ айби онҳо нест ва ин ниҳод танҳо иҷрокунандаи қарору пешниҳодоти макотиби олӣ ба шумор меравад. Пас бояд ҳама он 9 макотиби олии мо вобаста ба ин масъала чора андешанд.

Агар ба ҳамин минвол давом ёбад…

Бешубҳа метавон гуфт, ки агар бо ҳамин минвол, яъне мисли шаш соли пеш мо дар макотиби олиямон журналистшавандаҳоро қабул кунем ва дар зеҳнҳоямон танҳо пули шартномаи онҳо бошад, касе чизе намешавад.

Фикри бад кардан намехоҳем, вале бовар кунед далелҳо нишон медиҳанд, ки барои масъулин будани тасодуфиҳо, беҳуда ва бемақсад сипарӣ гардидани 4 соли ҷавонон, мутахассис нашудани донишҷӯён… умуман фарқ надорад. Ба назар менамояд, ки фикри ҳамагӣ болои маблағи шартномаи донишҷӯён аст.

Ба ҷои хулоса ё роҳи ҳал

Ин матлабро бо назари профессор Ҷовид Муқим ҳусни хотима мебахшам ва қазоватро ба хонандаву масъулин вомегузорам . “То агар қабул ба ихтисосҳои рӯзноманигорӣ аз рӯи майлу рағбат ва маҳорати эҷодӣ сурат нагирад, дар самти журналистика дастгирии бевоситаи давлатӣ набошад, ҳамаи ихтисосҳои журналистиро буҷавӣ накунанд, омода кардани кадри хуби журналистиро интизор шудан беҳуда аст. Вақте ки базаи моддӣ — техникиро бо ҳама шароитҳояш таъмин карда, таҳсилро буҷавӣ кунем ва ҳама талаботҳоеро, ки аз як журналистшаванда мехоҳем, роҳандозӣ мекунем. Зеро он вақт ба ин соҳа нафароне меоянд, ки барандаи телевизион ё ровии тӯй не, балки журналист шудан мехоҳанд. Айни ҳол бошад, барои маблағи шартнома ва холӣ намондани мизу курсии макотиби олӣ аз чалласавод ҳам журналист тайёр кардан мехоҳем…”

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj