Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зидан беҳтарин мураббӣ дар лигаи қаҳрамонҳо

Сармураббии дастаи “Реал”-и Мадриди Испания Зайниддин Зайдон (фаронсавӣ — Зинедин Зидан)​ дар рӯйхати 10 мураббии беҳтарин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо, ки онро сомонаи футболи squawka.com нашр кардааст, дар мақоми аввал қарор дорад.

Зайдон ягона мураббиест, ки пайиҳам дар се мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳо (солҳои 2016, 2017 ва 2018) ғолиб шудааст. Ҳамагӣ Зайдон дар доираи Лигаи қаҳрамонҳо дар 26 бозӣ пирӯз гаштааст.

Мақоми дувумро дар ин феҳрист сармураббии феълии дастаи «Манчестер Сити»-и Аглия Ҳосеп Гвардиола касб намудааст. Ба ӯ муяссар шудааст, ки ду бор (солҳои 2009 ва 2011) бошгоҳи «Барселона»-и Испанияро дар Лигаи қаҳрамонҳо ғолиб намояд.

Ба сегонаи беҳтарин мураббиёни Лигаи қаҳрамонҳо, инчунин сармураббии феълии дастаи «Эвертон»-и Англия Карло Анчелотти дохил аст. Ӯ бо ду бошгоҳ — «Милан»-и Италия (солҳои 2003 ва 2007) ва «Реал»-и Испания (соли 2014) дар Лигаи қаҳрамонҳо ғолиб шудааст.

Рӯйхати 10 мураббии беҳтарин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо :

1. Зайниддин Зайдон («Реал»)

2. Ҳосеп Гвардиола («Барселона», «Бавария», «Манчестер Сити»)

3. Карло Анчелотти («Парма», «Ювентус», «Милан», «Челси», «ПСЖ», «Реал», «Бавария», «Наполи»)

4. Жозе Моуриню («Порту», «Челси», «Интер», «Реал», «Манчестер Юнайтед», «Тоттенҳэм»)

5. Луи ван Гал («Аякс», «Барселона», «Бавария», «Манчестер Юнайтед»)

6. Алекс Фергюсон («Манчестер Юнайтед»)

7. Юпп Ҳайнкес («Реал», «Бавария»)

8. Висенте дел Боске («Реал»)

9. Рафаэл Бенитес («Ливерпул», «Интер», «Челси», «Наполи», «Реал»)

10. Оттмар Ҳитсфелд («Боруссия» Д, «Бавария»).

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.