Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зимистон наздик, масъулон бепарво. Чаро?

Дар ҳоле, ки зимистон дар мекӯбад, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон то санаи 11 октябри соли 2019 ба мавсими сармо андаке бештар аз 33 дарсади нақша омода асту бас.

Тибқи қарори вижаи Ҳукумати кишвар бояд соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт то 1 октябри соли ҷорӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 омода мешуданд. Вале омодагӣ ба  зимистон дар ин ноҳия 33,25 фисад иҷро гардидааст.

  Фирӯз Боев, сардори шӯъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, барои омодагӣ ба зимистон 409 ҳазору 525 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз беш аз 136 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ҳамсуҳбати мо сабаби пурра маблағгузорӣ нашудани соҳаи маорифро аз сари вақт шартнома набастани масъулини шӯъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо ҷамъияти таъминкунандаи ангишт медонад. “Мо маблағро танҳо дар асоси шартнома пардохт карда метавонем. Дар сурате, ки масъулини маориф бо ҷамъиятҳои таъминкунандаи ангишт шартнома накарда бошад, пас чигуна маблағгузорӣ мешаванд?” — афзуд вай.

Ба хотири кушодани гиреҳи ин масъала ба Сафаралӣ Нуруллоев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия, муроҷиат кардем. Аммо, мутаассифона, ӯ аз суҳбат худдорӣ кард ва ин масъулиятро бар дӯши мушовири шуъба Суннатулло Ашӯров гузошт. Ашӯров низ бо баҳонаи ин, ки ба шуъба нав ба кор омадаасту маълумоти пурра надорад, аз шарҳи масъала худдорӣ кард.       

Танҳо дар суҳбати бидуни сабт чанде аз масъулин иддао карданд, ки ангишт барои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз сабаби сари вақт сурат нагирифтани маблағгузорӣ аз ҷониби Раёсати молияи ноҳия харидорӣ нашуда истодааст.

То он вақте ки ниҳодҳои дахлдор ба қавле дар талоши забони якдигарро фаҳмидан ҳастанд, масъалаи гарм нигоҳ доштани муассисаҳои томактабию таълимии дорои ҷамъияти беш аз 40-ҳазорнафараи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро кӣ ҳал мекарда бошад? Ин суолест, ки аз мутасаддиён ҳам посух ва ҳам амали сареъ мехоҳад.

  Машраби Аловиддин, “Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Беном 20.10.2019 20:03

    Ҳамаш бо айби макомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва худи раесати молия мебошад. Муҳтарам журналист сардори молияро якбор мегуфтед, ки сметаи тасдикшудаи харочотро барои соли 2019 нишон медоданд. Тибки карори ҲҶТ бояд дар квартали 2 ва 3 маблагхо чудо шаванд, леки молияи ноҳияҳо як кисмаша дар квартали 4 мемонанд. Дуюмаш, ин ки тендери хариди ангиштро дар бисери ноҳияҳо ҳамаи соҳаҳоро якчокада молияи ноҳияҳо мегузаронанд ва намояндаи маорифу тандурустиро ҳатто дар озмун ҳамчун аъзои комиссия роҳ намедиҳанд. Мактабу маориф ҳатто пулро намебинанд. Ҳатто намедонанд, ки кадом фирма ангиштро миеранд. Хоҳ сифат дора хоҳ не маҷбуранд кабул кунанд. Агар пулро ба мактабу духтур мустакиман мегузарониданд барвакт ба арзони худашон мегиранд ва ҳатто сифати баландашро. Намояндаҳои соҳаҳои буҷети инро нагз медонанду наметонан гуфта. Чунки раесатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳо онҳоро чап гирифта дигар пулошона, ҳатто музди маоши онҳоро ба дарозо мекашанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.