Зинапояи шуҳрат: Кӣ болотар мебарояд?

Хонандагони азиз!

Тавре ки огоҳӣ доред, чанде пеш сомонаи «Тajikistantimes.tj» барои муайян намудани рейтинги сарояндагон, ҳаҷвнигорон, ҳунармандони театр ва кино, ровиёни радиову телевизион ва дигар шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ озмуни «Ягона аз даҳгона»-ро эълон намуда буд. Даври аввали озмун аз 15-уми ноябр  то 30 декабри соли 2016 идома ёфта, дар он машҳуртарин сарояндагони эстрадаи тоҷик аз қабили Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Манижаи Давлат, Ҷонибеки Мурод, Нозияи Кароматулло, Шаҳзоди Даврон,  Зулайхо Мамадшоева, Наимҷони Сайдалӣ, Мино ва Шаҳриёри Давлат иштирок менамоянд. Муштариёни сомонаи « Тajikistantimes.tj » то 30-уми декабр аз байни ин 10 сарояндаи хушовоз ҳунарманди беҳтарин, яъне ғолиби ягонаро интихоб менамоянд.

Овоздиҳӣ ба ҷонибдории довталабони озмун дар сомонаи «Тajikistantimes.tj » идома дорад ва айни замон Наимҷони Сайдалӣ бо 730 овоз пешсаф аст. Мухлисони Шаҳриёри Давлат низ ҳунарманди  писандидаашонро хеле хуб дастгирӣ карда истодаанд. Шаҳриёр 360 овоз дорад ва ҳамарӯза ба ҷонибдориаш «лайк»-ҳои зиёде меоянд. Ростӣ, дар оғоз мо гумон доштем дар ин озмун Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Манижаи Давлат, Ҷонибеки Мурод ва Нозияи Кароматулло  аз ҳама бештар овоз мегиранд ва яке аз ин ҳунармандони саршинос ғолиб меояд, аммо хато кардем. Дар озмуни «Ягона аз даҳгона» ба ҷонибдории ситораи №1-и тоҷик Шабнами Сурайё ҳамагӣ 100 нафар овоз додаанд. Борвари кас намеояд, наход Шабнаме, ки овозаи ҳунараш кайҳо марзҳоро убур карда, шуҳраташ то ба Амрикову Аврупо расидааст, ҳамагӣ 100 мухлис дошта бошад? Манижаи Давлат-ҳаводорони ин зебосанами булбуловоз ҳамеша лоф мезаданд, ки Манижа 50 соли дигар ба саҳна набарояд ҳам, онҳо ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард, вале рафти овоздиҳӣ дар озмун нишон медиҳад, ки андак-андак Манижа аз ёди мухлисон меравад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамагӣ 164 овоз гирифтани хонум Манижаи Давлат мебошад. Зебосанамҳои зиёде дар зери аксҳои Ҷонибеки Мурод шарҳҳои пур аз меҳру муҳаббат навишта, иброз медоранд, ки барои ин ҷавони хушсурату хушсадо мемиранд, вале як овозро аз ҳунарманди писандидаашон дареғ медоранд. Ҷонибеки Мурод бо ҳама шаҳоматаш ҳамагӣ 84 овоз дорад. Аз афташ баъди модар шуданаш мухлисон Нозияро фаромӯш кардаанд, вагарна ба ҷонибдории ин кабки хушхироми саҳнаи тоҷик 90 не, 90 ҳазор ё шояд чанд миллион овоз меомад. Хонум Мино дар васфи бачаҳои дарвозӣ чунон таронаҳое эҷод намудааст, ки ба қавле «ба хироҷи як мамлакат меарзанд», вале бачаҳои дарвозӣ ва дигар ҳаводоронаш ин паричеҳраи ширинсадоро дар озмун чандон дастгирӣ накарда истодаанд. Мино ҳамагӣ 88 овоз дорад. Мухлисон чунон танбал шудаанд, ки ҳатто ба ҷонибдории супер-ситораи эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин ақаллан як овоз  доданро дареғ медоранд. Садриддине, ки шуҳрати санъати тоҷикро ба Дубаю Фаронсаву Олмон бурдааст, ҳамагӣ 158 овоз дорад. Магар ин аламовар нест? Вақте ки мо, тоҷикон ҳунармандони худро қадр намекунем, магар бегонаҳо онҳоро дастгирӣ мекунанд?

Умедворем, ки ин ҳафта мухлисон аз хоби гарон бедор мешаванд ва ба ҷонибдории ҳунармандони писандидаашон дар сомонаи «Тajikistantimes.tj » овоз дода, аз байни ин 10 санъаткори хушзавқу хушсалиқа беҳтаринро интихоб менамоянд!

Овоздиҳӣ чӣ гуна сурат мегирад?

Барои ба ҷонибдории ҳунармандони писандидаатон овоз додан шуморо лозим аст, ки ба сомонаи «Тajikistantimes.tj » ворид шуда,  банери озмуни «Ягона аз даҳгона»-ро пахш намоед. Пас аз ин роҳи шумо ба саҳифаи озмун, ки дар он аксҳои 10 сароянда гузошта шудаанд, кушода мешавад ва аз байни ин довталабон якеро интихоб намуда, овоз медиҳед. Маълумоти муфассалро дар бораи тарзи овоздиҳӣ бо телефони 985-81-89-81 гирифта метавонед!

Ситораҳои эстрадаи тоҷик ба дастгирии шумо ниёз доранд. Биштобед! Фаромӯш накунед, ки ҳар як овози шумо барои ҳунармандони дӯстдоштаатон тақдирсоз буда метавонад!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *