Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зиндагӣ баъд аз марг. “Тоҷикистон” баъд аз 18 сол муҳоҷири гумшударо пайдо кард (Видео)

Аввал занги телефон буд. Баъд сарнавишти талхи муҳоҷири тоҷик, ки 18 сол чун Юсуфи гумгашта дар чоҳи Канъон буд…

Ин ҷо редаксияи “Тоҷикистон” аст?

Телефони идора занг зад.

-Ин ҷо редаксияи “Тоҷикистон”? – пурсид марди рус.

-Бале…

-Номи ман, Леонид Демяшев, аз шаҳри Атирауи Қазоқистон ҳастам. Ба ман гуфтанд, ки газетаи шумо сертираж ва машҳур аст, барои ҳамин занг мезанам.

-Ташаккур.

-Мехоҳам ба шумо аз тақдири як ҳамватанатон хабар диҳам, ки зиёда аз 15 сол аст, беному нишон мебошад…

Аз нақли Леонид Демяшев:

Баха — оғуштаи хун

…Чанд сол қабл ҳангоми сайругашт, дар канори роҳ чашмам ба марди беҳуш ва оғуштаи хун афтод. Маълум буд, ки вай мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Зуд ба полиси шиносам телефон кардам. Вай омада мардро рӯйболо кард, киссаҳояшро кофт, вале ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯро пайдо накард. Баъдан ба ман нигариста гуфт: «мошинатро ба кор дарор, ӯ ҳанӯз зинда аст, ба бемористон мебарем». Ман ҳам аз рӯи дилсӯзӣ рад накардам, ӯро ба мошин бор карда, ба бемористоне бурдам, ки хоҳарам дар он ҷо психиатор шуда кор мекунад. Ҳамсарам низ дар ин бемористон табиб аст. Духтарам бошад, инфексионист дар бемористони бемориҳои сироятӣ фаъолият дорад. Яъне, аз ҳисоби табибон бой ҳастем.

Чун мардро ба бемористон бурдам, аз сабаби он ки ҳуҷҷат надошт, масъулияти ӯро ба номи ман сабт намуданд. Аввал ӯро дар шуъбаи эҳё бистарӣ карданд. Пас аз он ки ба ҳуш омад, табибон хулосаи ниҳоӣ доданд: «Мард дар натиҷаи зарбаи сахт ба сараш хотираашро аз даст дода буд…»

Ман, ки чанд рӯз аз қафои ин бемор будам, нисбати тақдири вай бетараф истода наметавонистам. Аҳли оилаи ман низ дар изтироб буданд. Бинобар ин, мо қарор додем, ки ӯро нигоҳубин карда, пас аз он ба ҷойи хоб ҳам таъмин кунем.

Пас аз он ки аз бемористон ҷавоб шуд, ман ӯро дар ҳавлии берунишаҳриам ҷой додам ва шартан Баха номаш кардам. Бо хӯрок таъминаш мекунам, занам таоми нағз пазад, ҳатман меорам. Ӯ дар ибтидо лоғар ва афтода буд, ҳозир марди чорпаҳлу…

Чанд рӯз пеш Баха ба ман гуфт, ки хотирааш бармегардад ва ӯ ному насаби аслиашро ба ёд овард: «Номам Бобораҷаб Ҷавлиев, аз кӯчаи Якуми майи Душанбе ҳастам», — мегӯяд ӯ.

Баъди шунидани ин хушхабар ман зуд тариқи интернет телефони редаксияҳои Тоҷикистонро ҷустуҷӯ карда, аввал ба газетаи вилоятии Суғд афтидам.

«Мо нашрияи вилоятӣ, беҳтарин нашрия дар кишвари мо «Тоҷикистон» аст, телефонашонро медиҳам, занг занед»,-гуфтанд аз он ҷо ба ман. Ҳамин тавр, ба шумо баромадам.

Шояд пайвандони Бобораҷаб дар Душанбе бошанд ва гумон кунанд, ки ӯ мурда аст, бинобар ин, аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар мавриди зинда будани ӯ хабар диҳед…

«Тоҷикистон» қарор кард:
Ҷавлиевҳоро ҷӯед, ёбед!

Сарнавишти Бобораҷаб моро бетараф гузошта наметавонист. Шояд ӯро дар Ватан ҳамсару фарзандон, падару модар, бародару хоҳар солҳои тӯлонӣ интизор бошанд. Шояд гумон мекунанд, ки ӯ фавтида бошад ва ба дилашон санг баста, ба тақдири пайванди гумномашон тан додаанд…

Бинобар ин, «Тоҷикистон» қарор кард: Пайвандони Бобораҷаб Ҷавлиевро пайдо мекунад ва муждаи зинда будани ӯро мерасонад!

Нахустин қадаме, ки мо гузоштем, пайдо кардани кӯчаи «Якуми май» дар шаҳри Душанбе буд, ки табиист табдили ном шудааст.

Маълум шуд, ки солҳои 90-ум кӯчаи «Якуми май»-ро ба номи Ғафур Ғулом (пушти Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ) иваз кардаанд. Феълан қисме аз хонаҳои ин кӯча тахриб шуда, ба ҷояшон биноҳои нав қомат афрохтааст. Мо як рӯз аз субҳ хона ба хона ин кӯчаро гашта, суроғи Ҷавлиевҳо намудем, вале касе ба ёд надошт, ки дар ин гузар, чунин оила зиндагӣ кунад.

Кӯчаи Якуми май дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ҳаст, ки аз он ҷо ҳам нишони Ҷавлиевҳо пайдо нашуд.

Бинобар ин, ноумед шуда, қарор додем, ки дар шумораи навбатӣ акси Бобораҷаб Ҷавлиевро чоп карда, пайвандонашро меҷӯем, вале Леонид Демяшев шеваи кор бо газетҳоро намедонист ва ҳар қадар талош намудем, акси Бобораҷабро ба мо фиристода натавонист. Бинобар ин, мо ба ҳамкасбони қазоқ муроҷиат кардем. Сармуҳаррири нашрияи «Ак жаик» Айнур Сапарова акси Бобораҷабро ба мо дастрас намуд, ки аз эшон миннатдорем.

…Дар охир худи Бобораҷаб ба мо кумак кард, ӯ номи падару модарашро ба ёд овард – Ҷавлиев Сайфулло ва Ҷавлиева Ҳалима.

«Ҳамчунин, ӯ мегӯяд, ки оила ва панҷ фарзанд дорад, ду духтару се писар….» — мужда расонид Леонид.

Мо барои пайдо кардани Сайфулло Ҷавлиев ба Бюрои маълумотдиҳии Хадамоти шиносномадиҳӣ муроҷиат кардем ва роҳбари он Хайрулло Каримов баъди чанд лаҳза ба мо паёми умедворкунанда доданд: Ҷавлиев Сайфулло, соли таваллудаш 17.05.1943, дар деҳаи Қиблаии ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад…

18 сол дар интизори фарзанд

Бобои Сайфуллоро дар деҳаи Қиблаӣ, ки 40 километр дуртар аз Душанбе аст, ҳама мешиносанд. Зеро ӯ шахси бодавлат ва падари 8 писару 3 духтар аст. «Инсони ҳалолу покиза, камбағал, меҳнатгар, то имрӯз ханҷолкаш кор мекунад»-гӯён сокинони Қиблаӣ хонаи ӯро ба мо нишон доданд.

Воқеан, мо ҳам баробари расидан ба хонаи Сайфулло Ҷавлиев бо мӯйсафеди чолок вохӯрдем, ки дар тараддуди помидоршинонӣ буд. Рӯи ҳавлӣ набераҳо бозӣ мекарданду кампираш ҳам саргарми коре буд.

Меҳмонони нохондаро ин оила бо хушнудӣ пазируфта, сабаби ташриф напурсида, ба хона дароварданд ва иҷозаи ҳарф задан надода, хон густурданд. «Аввал таом баъд калом», гуфтаанд…

-Бобои Сайфулло, чӣ ҳол доред?

-Шукр, Худо аз ин бад накунад. То ду моҳи пеш кор мекардам, ба ҳайси ронанда. Баъди шурӯъи коронавирус хонашинам…

Хонашинам не, дар замин кор мекунам. Бекор истода наметонам…

-Чашм нарасад, чолокед ва ба 78 — сола шабоҳат надоред.

-Ҳа, меҳнат одамро одам мекунад, вале ғаму ғуссаи зиндагӣ одамро тамом… доғи фарзанд…, — гапро кушод мӯйсафед.

-Бобо, Бобораҷаб гуфтанӣ фарзанд доред?

Гӯё мӯйсафдеро барқ зад. Кампир баробари шунидани номи Бобораҷаб аз берун ба хона даромад.

-Ҳа доштам… ё дорам… намедонам, — гуфт мӯйсафед ва ашки чашмонаро пок кард. – 18 сол пеш баромада рафта буд, 15 сол аст бедарак. Мурдаву зиндаи ӯ ба мо номаълум…

-Се –чор рӯз пеш дар қишлоқ овоза шуд, ки гӯё аз коронавирус мурдааст, — гуфт кампир ва зимоми гиряро сар дод…

Падар:

-Бобораҷаб фарзанди нахустинам аст. Охири солҳои 90-ум қатори ҳама ба Русия рафт. Пул мефиристод, вале омада зан гирифтанро қабул намекард. Чун ду-се сӯм ҷамъ шуд, мо ба хулоса омадем, ки додарашро оиладор кунем. Дар тараддуди тӯй будем, ки бехабар даромада омад. Мо ҳам зуд арӯс хуш карда, ҳардуро баробар тӯй карда, якбора ду келин фаровардем. Ҳама чиз нағз буд. Соҳиби ду фарзанд шуд. Соли 2002 боз ба Русия рафт. Нав телефони мобилӣ баромада буд. Ба ман телефон фиристод, ҳамроҳ гап мезадем.

Соли 2003 гуфт, ки пул мефиристам Русия биёед, розӣ шудам, вале чӣ коре баромаду рафта нашуд. Маслиҳат кардем, ки маблағ мефиристаду ман мошин мехарам… Баъди ҳамин бедарак шуд…

Охирин маротиба дар шаҳри Тула буд. Касе Русия равад, хоҳиш мекунам, ки ӯро суроғ кунанд. Ҳоло се фарзандамон дар Русия, вале касе аз ӯ хабар надорад ва ӯро боре ҳам надидааст…

Модар:
-Зиёда аз 6 сол дар ҳамин ҳавлӣ зану фарзандони Бобораҷабро нигоҳубин кардам. Келинам заифи нағз баромад, сабр кард, вале чун дид, ки умеде нест ва аз Бобораҷаб хату хабар намеояд, иҷозаи рафтан пурсид. Ба хонаи падару модараш ҷавоб додем. Ду писар дорад, калонӣ бемории рӯҳӣ, хурдӣ солим. Ба номи Бобораҷаб замин гирифта будем, фурӯхта ба келин додем, дар Ховарон ҳавлӣ сохт. Тӯю маърака кунем, омада меравад. Писари солимашро ҳамин баҳор облава карданд… Азобаш сахт, танҳо аз уҳдаи нигоҳубини бемори рӯҳи намебарояд. Ба суд муроҷиат кардем, ки набераамро аз аскарӣ ҷавоб диҳанд, ҳоло бенатиҷа. Барои гирифтани ҳуҷҷат ду-се рӯз пеш ба идораи ҷамоат рафтам. Дар он ҷо гуфтанд: — «Хола хабар дорӣ, писарат Бобораҷаб короновирус шуда мурдааст». Поям аз замин канда шуд… На хӯрданамаро медонам, на хобиданамаро… Чанд нафар дар Русия аз ин беморӣ мурд, хабари чӣ тавр ҷон додан ва суроғаи қабраш омад, вале аз писари ман не…

Модар мегиряд…

-Гиря накунед, мо ба шумо хабари хуш овардем. Бобои Сайфулло, холаи Ҳалима, писаратон зинда аст!

Дар чашмони мӯйсафеду кампир ашки шодӣ пайдо шуд.

Дере нагузашта, ҳамаи аҳли оила ва ҳатто ҳамсояҳо моро иҳота карда, саволборонамон мекарданд ва аз ҳоли Бобораҷаб мепурсиданд…

Файзимоҳ: Ҳаётам сӯхт!

Ҳамсари Бобораҷаб Файзимоҳ баъд аз он ки хабари зинда будани падари фарзандонашро шунид, бовар накард ва чун аксашро дид, зимоми гиряро сар дод. Ӯ ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” омад:

-Ман дар зиндагӣ зиёд азоб кашидам, сӯхтам, умрам гузашт…., — ба нақл оғоз кард, ӯ — Вақте Бобораҷаб гумном шуд, зиндагии мо ба сахтӣ мегузашт. Шерозу ҷӯробу болишту курта дӯхта, барои кӯдаконам чизҳои заруриашонро мехаридам. Лекин бо калон шудани фарзандон ва оилаи хусуру хушдоманам, дар он ҷо истодани ман душвор шуд. Писари бемори ман кӯдакони онҳоро мезад, ин сабаб шуд, ки байнамон ҷангу ҷангҷол шавад. Бинобар ин, қарор додам, ки ба хонаи модарам кӯчам…

Ҳамин тавр ҳам кардам. Дар Душанбе фаррош шуда кор даромадам. Бо кумаки бародарам ду дар хона сохта кӯчидам… Вале аскарӣ рафтани писарам азоби зиндагии маро даҳчанд кард, зеро акнун касе нест, ки фарзанди беморамро нигоҳубин кунад. Ман кор меравам, вай бесоҳиб… Ҳоло талош дорам, ки писарамро аз аскарӣ раҳо кунанду азоби мо камтар шавад…

Нигаронии Леонид

Леонид Демяшев мегӯяд, ки ба Ватан баргаштани Бобораҷаб шояд сабаби пурра барқарор шудани хотира ва шифои комил ёфтани ӯ мешавад.

«Бобораҷаб марди хеле хуб аст. Ором. Имсол ба кишоварзӣ машғул шуда, бодирингу помидор шинонид» — мегӯяд ӯ.

Вале Леонид аз он нигарон аст, ки чанд тоҷик пас аз шунидани сарнавишти Бобораҷаб нияти истифодаи ӯро доранд.

«Дар Атирау тоҷикон ҳастанд. Баъди он ки хотираи Бобораҷаб кам-кам бармегардад, ман ба онҳо муроҷиат кардам. Онҳо ба ҷои кумак ба назди Бобораҷаб омада, ӯро барои кор дар сохтмон ҷеғ заданд. Мехоҳанд, ки аз одами бемор чун қувваи кори арзон истифода кунанд. Ман зид баромадам. Онҳо ҳатто чанд маротиба арақ оварда, ба Баха нӯшониданд, ки ба саломатии ӯ зарар дорад» — мегӯяд ӯ.

Леонид мехоҳад, ки ҳар чӣ зудтар ҳуҷҷатҳои лозимиро дуруст кунад ва мақомоти Тоҷикистон Бобораҷаб Ҷавлиевро ба Ватан баргардонад, то ӯ дар ҳалқаи пайвандон зиндагӣ кунад.

«Ман бо Баха унс гирифтам, лекин мехоҳам ӯ пурра шифо ёбад, дар ҳалқаи пайвандон бошад ва моро ҳам фаромӯш накунад» — мегӯяд, Леонид Демяшев…

Юсуфи гумгашта боз ояд

…Ҳамин тавр, гумгашта бо ёрии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” пайдо гашт. Падару модари пир, фарзандашонро ёфтанд. Бобораҷаб низ медонад, ки ӯ дар ин дунё танҳову бемуттако нест, авлоди калоне дорад, ки ҳар лаҳза ӯро интизоранд.

Акнун Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қазоқистонро мебояд, ки ҳар чӣ зудтар ба суроғи Бобораҷаб раванд ва барои ба Ватан баргаштаи ӯ кумак ва мусоидат кунанд.

Дур нест он рӯз, ки «Тоҷикистон» гузориши ба Ватан омадани Бобораҷабро пешкаши шумо мекунад…

Одил Нозир,
Нелли Дейнарович,
«Тоҷикистон»

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.