Ёде аз профессор Мансур Бобохонов

Мансур Бобохонов яке аз муаррихони забардасти тоҷик буда, муаллифи беш аз 400 асару монография, брошюра, мақолаҳои илмиву тадқиқотӣ, илмию методӣ ва илмиву оммавӣ маҳсуб меёбад ва асарҳои мавсуф дар сатҳи баланди нигорандагӣ таълиф шудаанд.

Раиси Ҷамъяити олмониҳо ва тоҷикон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Александр Гайзер перомуни шӯҳрати ин шахси бузург ҳарф зада, таъкид кардааст, ки «профессор М. Бобохонов дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ буда, дар байни аҳли илму адаби натанҳо ҷумҳурӣ, балки берун аз он ва хориҷи кишвар низ маълуму машҳур гаштааст».

 Академик Мансур Бобохонов  натанҳо бо олимону таърихшиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки берун аз хоки он ва мамолику кишварҳои гуногуни олам низ ҳамкории илмӣ ва робитаи қавии дӯстӣ барқарор намудааст, ки онро ба манфиати рушду нумуи таърихи тоҷикони ҷаҳон васеъ ва хамаҷониба мавриди истифода  қарор додааст. Мавсуф махсусан бо муаррихони шинохтаи рус, академикҳои АУ собиқ ИҶШС И. И. Минс, П.В.Волобуев, Ю.С.Кукушкин, академикҳои АУ Ӯзбекистан ва Тоҷикистон К.Е.Житов, З.Ш.Раҷабов, Б.И.Искандаров, докторҳои илмҳои таърих, профессорон Н.А.Халфин, А.Д.Горский, Х.Ш.Иноятов, А.Г.Ваҳобов, Г.А. Ҳидоятов, К.У.Усенбоев ва инчунин мусташриқони номдори хориҷӣ, ба мисли профессорон Г. Розенфелд, Манфред Лоренс, Берт Фрагнер, Ҳикматулло Довуд, Кемпер Манфред, Эдхард Бауэр, Лутс Жеҳак ва даҳҳо дигарон ҳамкории илмӣ ва равобити дӯстиро ба роҳ монда, аз дастовардҳои илмиву амалии онҳо бохабар шуда, комёбиҳои онҳоро дар пешбурди корҳои илмиву эҷодии хеш васеъ истифода бурдааст.

Баъди омӯхтани мукотибаи солҳои гуногун байни профессор М. Бобохонов ва олимону мусташриқони собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ҳамкориҳои самарабахши илмиву эҷодӣ ва фарҳангӣ сурат гирифтаанд. Профессор М. Бобохонов бештар аз пайи вусъат бахшидани ҳамкориҳои гуногунҷабҳа талошу кӯшишҳо ба харҷ медод. Чунончӣ, директори Институти таърихи АУ ИҶШС, академики АУ ИҶШС П.В.Волобуев дар номаи худ аз 30 апрели соли 1981 ба профессор М.Бобохонов чунин изҳори ақида кардааст: «Мансур ба ман дар Институт дар бораи дар моҳи ноябр (соли 1981) дар университети Шумо хондани курси махсус доир ба заминаҳои Инқилоби Уктабир дархостнома расид. Аммо ман чунин курси махсус намехонам, ман танҳо дар мавзӯи «Шикасти инқилобии Ҳокимияти буржуазӣ дар Русия» курси махсус хонда метавонам…». Инчунин, ӯ олимони номдори мамлакатро аз мактабҳои олии кишвар ба факулети таърихи УДТ даъват намуда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми калон мегузошт. Ин матлаб дар номаи профессор Б.И.Краснобаев аз 30 июли соли 1982 ба профессор М.Бобохонов изҳор гардидааст: «Ман мехостам, ин курси махсуси ихтисосамро дар факултети Шумо тадрис намоям. Инро дар як вақт истифода бурда, бо шаҳри Душанбе аз наздик шинос шудан мехостам. Мумкин аст инро дар соли оянда санҷида амалӣ намоем…».

Профессор Мансур Бобохонов ба корҳои илмии олимони натанҳо Осиёи Марказӣ, балки Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он тақризи илмӣ иншо карда, ҳусну қубҳи онҳоро мавриди гузориш ба муҳокима қарор медод ва баробари ибрози нуқсону камбудиҳо ба онҳо баҳои баланд медод. Чунончӣ, ӯ ба китоби тадқиқотии олими қирғиз, доктори илми таърих, профессор, сарходими илмии Институти таърихи АУ Қирғизистон А.Сапелнинро аз 20 декабри соли 1978 тақризи расмӣ таълиф намуда, ба он баҳои баланд додааст. Олими қирғиз аз ин муаррифии олими тоҷик нисбат ба асари худ мамнун гашта, дар номааш арзи сипос менамояд: «… Ман танҳо ҳамин рӯз тақризатонро дар бораи китобам фаҳмидам. Аз Шумо беҳад миннатдорам. Чунин корҳои наҷиб аксаран фаромӯш намегарданд…».

Осори рангини профессор М.Бобохонов дар байни ховаршиносони чи Осиёву Аврупо ва чи Амрикову дигар қитъаҳои олам маҳбубият пайдо намуда, хонандагони зиёдеро дарбар мегирад. Чунончи, доктори илми таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев дар ин бора чунин паёми хушнудӣ иброз доштааст: «… Ман моҳи майи соли 2000 ҳангоми сафари хидматӣ дар шаҳри Омаҳои штати Небраскаи ИМА китоби «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-ро ба раиси Маркази афғонистоншиносии назди Донишгоҳи Небраска, профессор Томас Гуттиер аз номи муаллифи он туҳфа намудам, шодии ӯро интиҳо набуд. Вай бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки китоби «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» дар китобхонаи Маркази афғонистоншиносӣ мавқеи хосро ишғол хоҳад кард…».

         Махсусан ҳамкории профессор Мансур Бобохонов бо олимони Ҷумҳурии Олмон натиҷабахш аст. Моҳи июни соли 1978 дар Университети Берлин ба муносибати садсолагии аллома Садриддин Айнӣ сессияи илмӣ баргузор гардид, ки дар он профессор Мансур Бобохонов бо маърӯзаи илмӣ баромад намуд. Моҳи августи соли 1995 Мансур Бобохонов бо олимони Донишгоҳи Берлин Кемпер Манфред, Ҳикматулло Довуд, ховаршиносон Эдхард Бауэр, Лутс Жеҳак ва дигарон вохӯрда, доир ба масъалаҳои муҳимтарини таърихи мардуми Осиёи Марказӣ, махсусан таърихи тоҷикони ҷаҳон суҳбату баромадҳо гузаронида, мубодилаи афкор барпо намуд.

Ҷолиби қайд аст, ки сафҳаи дӯстӣ ва ҳамкории профессор Мансур Бобохонов бо тоҷикшиноси номдори олмонӣ, доктори фахрии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, профессор Манфред Лоренс намунаи ибрат аст. Дӯстии байни онҳо аз соли 1957-58 оғоз ёфта, то  беш аз ним аср аст, ки дар миёни ин ду шахсияти бузург риштаи ногусастании дӯстию рафоқат ва ҳамкории самарабахши илмиву фарҳангӣ ҷорист. Профессор Манфред Лоренс дар яке аз номаҳояш лутфан аз ин хусус ҳарф задааст: «…бо бисёре аз тоҷикон ошно шудам, дӯст шудам ва он дӯстие, ки аз он вақт пайдо шуд, то имрӯз ҳам идома дорад». Риштаи дӯстии миёни ин ду шахсияти бузурги фарҳангӣ минбаъд чунон вусъат пайдо намуд, ки аз он тарафайн розӣ ва миннатпазиранд. Ба тариқе ки профессор Иброҳим Усмон бо ихлосу фахри баланд қайд кардааст, «…боре мо мулоқоте доштем бо профессор Манфред Лоренс дар шаҳри Берлин. ӯ дониши худро аз Тоҷикистон, ифтихору эҳтироми худро аз тоҷикон бо номи Мансурхон тавъам мепайваст. Ними суҳбаташ аз қиссаи фазилату донишварии ин инсони шариф иборат буд. Ба мо — тоҷикон мояи ифтихор буд, ки дар мусофират як марди орифи немис, ки номи дунёӣ дорад, самимона ҳамдиёри моро сифат мекард. Меҳри мо ба ин васила ба устод дучанд меафзуд».

Профессор Мансур Бобохонов соли 2001 бо ҳамроҳии яке аз муаллифи ин сатрҳо дар бораи рӯзгору осор ва фаъолияти илмиву эҷодӣ, омӯзгорӣ ва ҷамоатии тоҷикшиноси варзида Манфред Лоренс бо номи «Ховаршинос Манфред Лоренс» (Душанбе, Шарқи озод, 2001. — 126 с.) китоби ҷолибу хонданбобе таълиф карда, ба аҳли илму адаб ва доираи васеи хонандагон тақдим намуд, ки он туҳфаи бағоят арзандаест.

Ҳамин тариқ, баррасӣ ва муқоисаи саҳифаҳои пурнақшу рангини осори академик Мансури Бобохон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шахси бузург, натанҳо дар аксар соҳаҳои рӯзгору зиндагӣ, балки дар эҷоду тадқиқоти илмӣ, тарбия намудани кадрҳои баландихтисос, хоса ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо ховаршиносони кишварҳои мухталиф ва инчунин дӯстиву рафоқат низ дар сафи пеши зиёиёни ҷумҳурӣ қарор гирифта буд.

Зикриё Акрамӣ,

доктори илми таърих, директори

Пажӯҳишгоҳи  таърих, бостоншиносӣ

ва мардумшиносии ба номи

Аҳмади Дониши АИ ҶТ

Юсуфи Шодипур,

номзади илми таърих, дотсенти ДМТ,

аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *