Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зодрӯзи Бозор – шоири олудаи сиёсат

Имрӯз, 20 ноябр шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир зодрӯз дорад. Номбурда дар адабиёт ва  худшиносии мардуми тоҷик дар охири асри ХХ ва аввали асри нав нақши бориз дорад, аммо номи ӯ замоне вирди забонҳо шуд, ки солҳои 90-ум ба майдонҳо баромад ва чун чеҳраи сиёсӣ ном баровард.

Бозор Собир дар оғози солҳои 90-ум бар зидди сиёсати ҳизби коммунист баромад менамуд ва андешаҳои тезутундашро ҳам тариқи шеър ва ҳам дар майдонҳо ироа мекард. Вале баъди фирорӣ шудан ва ба Амрико ҳиҷрат кардан шоир якуякбора ақидаи худро дигар кард ва дар фароварди умр мубаллиғи Ленин шуд. Ҳатто дар шеъре навишт:

Ҳазорон тоҷи Сомонӣ,

Ҳазорон саллаву дастори рӯҳонӣ,

Нагирад ҷойи Ленинро,

Худо ҳам ҷойи ленинро намегирад.

Ба монанди ҳамин  Бозор Собир, ки мухолифи ҳукумат буд ақидаи худро тағйир дод ва бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ватан баргашт ва дар мавриди ӯ манзума ва шеър ҳам суруд:

Номи туро нависем, эй қаҳарамони миллат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри Ваҳдат.

Бо вуҷуди ин шоир дар шаҳри Сиэтли Амрико ҷон дод ва ҷасади ӯро ба Тоҷикистон оварда дар Лучоб ба хок супориданд. Ҳол он ки Бозор Собир тарафдори сӯзонидан ва ба уқёнус партофтани ҷасадаш буд.

Зиндагиномаи кӯтоҳи Бозор Собир

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Мутаассифона, барвақт ятим монд, зеро падар дар ҷанги ҷаҳонии дуввум шаҳид шуда буд. 

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи «Маориф ва маданият», маҷаллаи «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адолат» фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст. 

Эҷодиёт

Оғози эҷодиёти ӯро ба солҳои 60-ум мутааллиқ медонанд, яъне соли чаҳоруми таҳсилаш дар Донишгоҳ буд, ки аввалин шеърашро (1960) ба табъ расондааст. Ҳамон айём як силсила шеърҳояшро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳаллӣ рӯи чоп овардааст. Муаллифи доимии маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Пайванд» соли 1972 аз чоп баромад. Баъдан маҷмӯаҳои «Мижгони шаб» (1981), «Борони тиллоӣ» (1982). Сипас як силсила шеърҳои ӯ ба хатти форсии арабиасос бо номи маҷмӯаи «Оташбарг» (1984) дастраси алоқамандони дунёи форсизабон гардид. Китоби дигари ӯ «Чашми сафедор» (1991) мебошад. Бозор Собир пайваста ба нашрияҳои Маскав ҳамкорӣ дошт ва чандин шеъраш дар маҷаллаҳои «Дружба народов», «Смена», «Советская литература» (ба забонҳои хориҷӣ), «Музыка» ба забони русӣ чоп шуданд.

Соли 1979 нашрияи «Советский писател» маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи «Каменная кладка» аз чоп баровард.  Ашъори Бозор Собир дар матбуоти Эрону Афғонистон рӯи чопро диданд, монанди «Баргузидаи ашъори Бозор Собир» (Теҳрон, нашрияи «Ал-Ҳудо», 1996).

Солҳои охир “Аз “Гулихор” то “Симхор” ном китоби шоир дар Маскав ва “Лолаи сиёҳ” ном китобаш дар Душанбе ба табъ расиданд. 

Фаъолияти сиёсӣ

Дар воқеоти охири солҳои 80 — ибтидои 90-ми Тоҷикистон ӯ ба муборизаи сиёсӣ гаравида, мавқеи миллӣ-демократиро пазируфт ва узви Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Дар фаъолияти хеш ҳамчун вакил дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба сафи мухолифини ҳукумат гаравида камбудиҳои роҳбарияти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро танқид мекард. Дертар ба саволи мухбири рӯзномаи «Миллат» чунин посухе додааст;

Шеър ва сиёсат. Дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад?

— Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» моли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби Октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.”

Ақидаҳои сиёсии ӯ боиси таъқибу ҳабс гардиданаш (соли 1993) шудаанд. Бо миёнаравии ташкилотҳои баналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International аз ҳабс озод шуда ба Москва (Русия) муҳоҷират намудааст. Декабри соли 1995 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ш. Сиэтл муҳоҷират намуда, онҷо барои рӯзгузаронӣ кори боркашониро иҷро кардааст.

Бозгашт ба Тоҷикистон

Бозор Собир рӯзи 27 майи соли 2013 ба Тоҷикистон бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт. 4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди эълони истиқлолияти Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бозор Собир Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III” тақдим кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.