Зодрӯзи Шабнами Сурайё ва Меҳрнигори Рустам

Имрӯз, 14-уми октябр ду ситораи эстрадаи тоҷик, Шабнами Сурайё ва Меҳрнигори Рустам зодрӯз доранд.

Шабнами Сурайё аз ҷумлаи овозхонҳои раддаи аввали кишвар аст, ки санъати эстрадии Тоҷикистонро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муаррифӣ кардаасту мекунад.

Ӯ аз ҷумлаи сарояндагоне ҳаст, ки мавсимӣ ё як муҳлати муайян дар раддаи аввал набуд, балки аз аввал то ҳол дар мавқеи худ қарор дорад. Меҳрнигори Рустам бошад, аз синни 5 солагӣ ба суруд хондан оғоз карда то имрӯз дар озмунҳои зиёд иштирок кардааст. Вай мактаби байналмиллалии шаҳри Душанберо соли 2011 хатм кардааст. Донишҷӯи факултаи академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов буд ва соҳиби таҳсилоти олӣ гардидааст, ҳамзамон дар дастаи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *