Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зоиров интихоботи президентиро таҳрим мекунад

31 августи соли 2020 Шӯрои сиёсии ҲСДТ вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, қонунгӯзории ҶТ оид ба интихобот ва таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд.
Оид ба масъалаи гузошта шуда, аз ҷумла ширкати ҲСДТ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров шунида ва ба барраси гирифта шуд. Дар гузориш қайд гардид, ки интихоботи дар пеш истода бидуни риояи қавонини интихоботии Конститутсияи ҶТ сурат мегирад ва иштирок дар он ғайриимкон мебошад.
Қайд қарда шуд, ки:

  1. Таъини интихоботи президенти дар санаи 11 октябри соли 2020 ғайриқонунӣ ва зиддӣ модаҳои 67-68 Конститутсияи амалкунанда аст;
  2. Ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад ба президенти ҶТ, қи 250 ҳазор муқаррар карда шудааст, ғайриимкон аст, зеро 50 % шаҳрвандони ҶТ дар хориҷ ба сар мебаранд ва наметавонанд дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат дошта бошанд;
  3. Қабули қонуни нав дар бораи Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), ки таъсиси он бар асоси принсипи «бепартиявӣ» сурат гирифтааст, аслан аз аъзоени ҳизби ҳоким ташкил шудааст. Аз ҷумлаи 31 ҳазор аъзои комиссияҳои интихоботи 25 ҳазорашон аъзоени Ҳизби ҳалқи-демократи мебошанд;
  4. Президенти амалкунанда набояд раиси ҳизби сиесӣ бошад. Раисии ӯ низоми бисерҳизбиро халалдор кардааст ва онро ба низоми якҳизби мубадал гардондааст;
  5. Ҳаммаи комиссияҳои интихоботи ва субъектҳои пешбарикунандаи номзад ба президенти ҶТ (ҳизбҳои сиесӣ, маҷлисҳои вилоятии намояндагони халқ, иттифоқи касаба, кумитаи кор боҷавонон соҳторҳои хокимияти давлатианд ва фаъолияташон ба манфиати президенти амалкунанда нигаронида шудааст.
    Дар асоси далелҳои зайл ва вазъи феълӣ бо дарназардошти риояи меъёрҳои қонунгузории интихоботи демократи ва озодӯ шаффоф, манофеъи ҷомеъа ва давлатдории мутамаддин Шӯрои сиёсии ҲСДТ
    Қарор кард:
  6. ҲСДТ аз пешбарии номзад ба мансаби президенти ҶТ ҳамҷун намоянда аз ҲСДТ бо сабаби ғайриконститутсионӣ таъин шудани интихобот ва дигар сабабҳои дар боло зикргардида, худдорӣ мекунад;
  7. ҲСДТ интихоботи президентии ҶТ аз 11 октябри соли 2020-ро таҳрим мекунад.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.