Зуҳуров: Миёни ҷомеа шӯр наандозед!

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ниҳодҳои зирабти давлатӣ, бахусус, Хадамоти зиддиинҳисории кишвар даъват кард, ки дар қабули қарорҳои баҳсбарангез шитоб накунанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ниҳодҳои зирабти давлатӣ, бахусус, Хадамоти зиддиинҳисории кишвар даъват кард, ки дар қабули қарорҳои баҳсбарангез шитоб накунанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон, рӯзи 26 апрел дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ қабл аз қабули қарорҳо дар бораи боло бурдани нархи обу барқ ё хизматрасонҳои дигар “бо раиси ҳукумат ва вакилони парлумон” масъалаҳоро мувофиқа кунанд.

Вай гуфт: “Ҳамин қиммат кардани нархи хизматрасонии Интернет дар ҷомеа шӯру ғулғуларо барпо кард. Чаро пеш аз қабули ин қарор бо раиси ҳукумат ва Пешвои миллат мувофиқа накардед? Мардум ба изтироб омаданд. Сокинони наздисарҳадӣ аз ширкатҳои мобилии Қирғизистону Ӯзбекистон даста-даста сим-карта хариданд.”

Раиси парлумон, ҳамчунин, таъкид кард, ки даҳ баробар боло бурдани нархи хизматрасони таъмини об ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар ниҳоят, ба нархи ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ таъсир гузоштааст.

Шукурҷон Зуҳуров аз раиси тозатаъйини Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода талаб кард, ки қабл аз қабули қарори баланд кардани нархи хизматрасониҳои характери иҷтимоидошта бо Президент мувофиқа карда ва вакилони Маҷлиси намояндагонро огоҳ созад.

Зимнан, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрел нархи Интернет, гуфтугӯи мобилӣ ва NGN-ро боло бурданд. Нархи як мегабайт Интернети мобилӣ бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам ва қимати як гигабайти он 62 сомонӣ таъйин шуд. Қаблан як гигабайт Интернет аз 30 то 35 сомонӣ буд.

Ин тасмим боиси мухолифати густарда дар ҷомеаи Тоҷикистон шуд. Зеро ин иқдом ба беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон, ки  дар хориҷ кору иқомат мекунанд, таъсири мустақим гирифта ва танҳо василаи иртиботи волидон ё зану фарзанди онҳо бо муҳоҷирон аз тариқи Интернетро душвор месохт.

Фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул муроҷиат кунанд. Онҳо рӯзи 22-юми апрел ба ҷамъоварии имзо дар Душанбе оғоз карданд.

Рӯзи 23 апрел Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ ин қарори баҳсбарангезро бекор кард.

Рӯзи 24-уми апрел раиси тозатаъйини Хадамоти зиддиинҳисорӣ Икромиддин Вализода низ «Фармони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2019, рақами 31, «Дар бораи таърифаҳои алоқаи барқӣ»-ро аз эътибор соқит намуд.

Масъулони чанд ширкати мобилии Тоҷикистон ҳам хабар доданд, ки ба зудӣ таърифа ва нархи пешинаи Интернетро барқарор мекунанд. Онҳо барои эҷоди нороҳатӣ аз мардум маъзарат хостанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *