Задухурди гуруҳи байни тоҷикону қирғизҳо дар Екатеринбург

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду рӯз паиҳам – 18 ва 19 июл байни муҳоҷирони тоҷик ва қирғиз занозании гуруҳи ба амал омад, ки боиси ҷароҳат бардоштани як нафар гардидааст. дар ин бора Нашрияи маҳаллии Е1 хабар медиҳад.

Бино иттилои манбаъ дар занозании аввал аз 40 то 80 нафар ва дар занозании дуюм ҳудуди 100 нафар иштирок кардаанд.

«Дина қирғизҳо, ҳудуди 40 нафар, як тоҷикро заданд. Имрӯз қариб 100 наффар ҷамъ шуданд, тирпарронӣ шуд. Қафқозиҳо (дар матн зикр шудааст, ки манзур аз «қафқозиҳо» тоҷикҳову қирғизҳоянд) калтакҳо дар даст медавиданд. Дар назди мағозаи »Монетка» тирпарронӣ шуд. Занҳо бо кӯдаконашон аз тарс мегурехтанд, мо дар даромадгоҳҳои биноҳо пинҳон шудем», — шикоят кардааст як корбари шабакаи иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи як шоҳиде, ки ба пулис занг задааст, кормандони пулис чандон майли дахолат ба ин ҳодисаро надоштанд ва гуфтаанд: «МоРэмбо нестем ва барои тамоми ноҳия ҳамагӣ як гуруҳи дидбонӣ (патрул) дорем». Ба навиштаи ин шоҳид, иштирокчиёни занозанӣ вақте мошини пулисро медиданд, пароканда мешуданд, вале баъди рафтани пулис боз ҷамъ мешуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *