Тайёра афтиду лётчик зинда монд, аммо…
Дар Бразилия ҳавопаймои сабукпарвозе дар ҷангали Амазон афтид. Ҳарчанд лётчик зинда монд, аммо ӯро танҳо пас аз як моҳи саргардонӣ наҷот доданд.
Маълум шуд, ки Антонио Сенаи 36-сола аз охири моҳи январ нопадид шудааст. Вай бо тайёраи сабуки худ Cessna 210 аз шаҳри Аленкер ба Алмейрими Бразилия парвоз кард ва маҷбур шуд, ки аз сабаби вайроншавии муҳаррик нишасти изтирорӣ кунад. Бароабри фуруд омадан тайёра оташ гирифт.
Пас аз як ҳафтаи нопадид шудани ӯ, гурӯҳҳои наҷот ҷустуҷӯро қатъ карданд, зеро онҳо ҳатто шикастапораҳои ҳавопайморо пайдо карда натавонистанд. Мард 36 рӯз дар ҷангал зинда монд ва боқимондаҳои хӯрокро, ки пеш аз оташ гирифтани тайёра онро гирифта буд, ҳамчунин тухмҳои парранда ва меваҳои ёфтаашро мехурд.
Пас аз панҷ ҳафта, халабон ба як гурӯҳ ҷамъоварандагони шоҳбулут дучор омад. «Ягона чизе, ки маро ба зиндагӣ дилгарм мекарду ба ман имкон дод, ки зинда монам, ин муҳаббате буд, ки ман нисбат ба оила доштам», — иқрор мекунад Сена.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ