“ТАЛКО Кемикал” дар Ёвон ба истифода дода шуд (аудио)
Имрӯз, 2 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” мавриди истифода қарор гирифт.
Дар корхонаи нави истеҳсолӣ минбаъд 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, барои истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордор кислотаи сулфати 98,5 фоиза, хокаи бентонит ва сулфати аммоний истифода мегардад. Оянда дар нақша ҳаст аст, ки калий ҳамроҳ карда шуда, маҳсулоти азот, фосфор ва калий (NPK) истеҳсол гардад.
Бо дарназардошти истеҳсоли маҳсулоти дорои маводи кимиёвӣ фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шудааст.
Гуфта мешавад, ки нурии минералии истеҳсолнамудаи корхонаи нави саноатӣ дорои сифати баланд буда, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ашёи хом — хокаи фосфордор аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, кислотаи сулфат бошад, дар худи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” истеҳсол мегардад. Дар оянда ашёи хом аз кони маҳалии Ривати шаҳри Панҷакент ба корхона дастрас мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ