Талош барои молу мулки Ҳоҷӣ Ҳалим: Гургова хона мехоҳад
Ҳамсари Амрулло Нуров, ки ба гумон узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба 23 соли зиндон маҳкум шуд, дархост дорад, ки аз ҳисоби амволи ӯ, барояш хона диҳанд.
Дилбар Гургова, ки ҳамсари Амрулло Нуров аст, мегӯяд, ӯро дар мурофиаи додгоҳии шавҳараш даъват накардаанд. Бояд гуфт 10 июни соли ҷорӣ, Додгоҳи Олӣ Амрулло Нуров ва чанд муттаҳами дигарро барои узвият дар гуруҳи Абуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим ба 23 соли зиндон маҳкум карда буд.
Дилбар Гургова мегӯяд, ҳамсараш Ҳоҷӣ Ҳалимро намешинохт ва як ронандаи Садриддин Неъматов, сардори қисми низомие дар Шаҳритӯс буд. Ёдовар мешавем, ки Саддриддин Неъматовро Додгоҳи Олӣ ба ҳабси абад маҳкум кардааст: “Шавҳарам танҳо Садриддин Неъматовро мешинохт ва бо Ҳоҷӣ Ҳалим умуман ошно набуд. Мегӯянд, Неъматов бо Ҳоҷӣ Ҳалим рафту омад доштааст”,- гуфтааст, дар суҳбат бо расонаҳо Дилбар Гургова.
Ӯ ҳамчунин афзуда, ки “Шавҳари ман барои Ҳоҷӣ Ҳалим шуда, 23 сол равонаи зиндон гашт. Дар телевизион дидем, ки ӯ чӣ қадар молу мулк доштааст, бигзор давлат аз ҳисоби дороии вай бароям як хона диҳад. Ман дар як хобгоҳ иҷорашин буда, ҳар моҳ 485 сомонӣ месупорам, дар ҳоле ки дар як рӯз ҳамагӣ 5 сомонӣ даромад дорам”.
Абдуҳали Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим дар ташкили воқеаҳои моҳи сентябр гунаҳкор дониста мешавад. Ӯро мақомот ба ошуби он моҳ гунаҳкор медонанд ва дар пайи як амалиёт дар дараи Ромит кушта шуд. Дар набард бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим 17 низомӣ ва 25 аъзои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуданд.
Ба дунболи ин ҳодиса садҳо нафар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим ба боздошт ва равонаи зиндон шуданд.
Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ҳам ба дунболи ин ҳаводис ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим ҳизби фаъолияташ мамнӯъ ва террорисӣ эълон шуд. 13 увзи аршади ин ҳизб солҳои тулонӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳатто ду нафар, муовинони раиси ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ