Талоши бозгашти ҷангиёни қирғиз ба ватан бо шиносномаҳои қалбакӣ

Бештари қирғизистониҳое, ки «дар ҷангҳои Сурия ноумед шудаанд», талош доранд, бо шиносномаҳои қалбакӣ ба ватан баргарданд.

Бештари қирғизистониҳое, ки «дар ҷангҳои Сурия ноумед шудаанд», талош доранд, бо шиносномаҳои қалбакӣ ба ватан баргарданд.

Ин нуктаро котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев дар Ҳамоиши зиддитеррористии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Бишкек баён дошт.

Пештар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфт, дар ҳамкорӣ бо мақомоти Ироқ шахсияти қирғизистониҳоеро муайян карданд, ки дар он кишвар ҳузур доранд. Дар ҳоли ҳозир масъалаи баргардонидани онҳо ба ватан баррасӣ мешавад. Иқдомҳои ҳамсон дар Сурия низ идома доранд.

Ба иттилои Кумитаи амнияти Қирғизистон, то имрӯз ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба Сурия рафта, зиёда аз 200 тани онҳо дар ҷангҳои он кишвар кушта шудаанд. Бино ба хабарҳо, ҳудуди 140 зани қирғиз ба гуруҳи даҳшатафкани «Давлати исломӣ» пайвастаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *