Танҳо 519 километри марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мегӯяд, дар мавриди таъйини беш аз 50 дарсади марз бо Тоҷикистон созиш ҳосил шудааст.

Вай 30-юми август дар мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки бахшида ба 30-умин солгарди истиқлоли давлатии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, гуфт, «ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд тасмими сиёсӣ гирифта, гуфтугӯро дар асоси меъёрҳои эҳтироми ҳамдигар идома диҳанд».

Ҷабборов ҳамчунин изҳор доштааст, ки мехоҳад Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро дар ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бинад.
Қаблан вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев дар суҳбат бо РИА Новостӣ гуфта буд, бо вуҷуди кӯшишҳо барои анҷоми таъину нишонагузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, суҳбат кардан дар бораи поёни баҳсҳо барвақт аст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз роҳи ҳалҳо метавонад, қарори муштарак дар бораи “аз қаламравҳои баҳсӣ даст кашидани ҳарду тараф ва ҷустуҷӯи муомилаҳои нав” бошад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардааст. Ҷониби Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, дар баҳси марзӣ шитоб набояд кард ва аъзои Комиссияи байнидавлатӣ корро пеш мебаранд.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *