Тантанаи идонаи Иҷлосияи 16-ум дар Қасри Арбоб оғоз ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои 30 – солагии «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Хуҷанд иштирок ва аз Қасри «Арбоб» дидан кард.
Имрӯз, 16 ноябр пас аз ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатӣ тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри «Арбоб» идома ёфт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни ҳавлии Қасри овозадори Арбоб, ки дар таърихи Тоҷикистони навин мақоми хос дорад, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун истиқбол гирифтанд.
Дар Қасри маданияти «Арбоб» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Осорхонаи таърихии ин бинои муҳташам, ки соли равон ба истиқболи 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра навсозӣ карда шуд, боздид ба амал оварда, бо тамошои аксу ҳуҷҷатҳои таърихӣ аз ҳар рӯзи иҷлосия ва лаҳзаҳои хотирнишини он ёдоварӣ намуд.
Нигораи “Ман ба шумо сулҳ меоварам” ба қалами рассом Абдураҳим Ҷабборов тааллуқ дошта, расми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба итмом расидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯи мардум бо қосидони сулҳ — кабӯтарон хеле моҳирона кашида шудааст. Дар мусаввара гӯё фазои орому таскинбахш, осмони нилгуну мусаффо ҳамқадами Сарвари давлат гашта, барои сулҳу осоиштагии мардуми меҳнатқарини тоҷик мусоидгар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ