Таня Окифӣ – Афғонистон

Ҳафтсин

Наврўз ба доманам, баҳорон дар даст,

Так-так, так-так омадаам, дар во кун.

Бо «монда набошӣ» сари роҳам бинишин,

«Ғирсак» бинавозу кўчаро зебо кун.

То панҷараҳо арақ намоянд аз шарм,

Оҳиста гули пираҳанамро то кун.

Аз «войн»-и сапед, истаконе бигзор,

Даргири пиёла кун, маро Лайло кун.

Ман суфраи «ҳафт син»-и туро чидаву ту,

Аз дур камак-камак нигоҳ бар мо кун.

То «себ»-и хаёлоти маро чек бизанӣ,

Як «сикка» ба номи ман, маро расво кун.

Сурхии лабам «сумоқ»-у «сир» аст танам,

Дар оташи дил бипаз маро, дарё кун.

То ман «суманак» шавам ба ширинии ишқ,

Часпида маро миёни он лабҳо кун.

«Сунбул», ки ду мўйи ману гитори ту ҳаст,

Оҳиста садои «рок»-ро боло кун.

«Синҷид» ба дарахти пирҳанам тобида,

Як «сабза» ту офтобро барпо кун.

Дар пушти рафи дилам китоби Ҳофиз,

Эй оина рав, ғазал бихон, во-во кун.

Як «шуп» зи шарофати ту ҳам кам нашавад,

Як бўса агар рабудаӣ ифшо кун.

***

Суруди ман

Дар зеҳни ман ҳазор сухан пора мешавад,

Он гоҳ, ки номи зан ба ситамҳои дасти ту.

Сад тикка шикаставу садҳо ҳазор дарз,

Бар пайкараш нишаставу сад пора мешавад.

Ин ҷисми чун булури ман, ин яхнамо танам,

Дар кўраҳои оташи нодонии ту боз,

Зубу рақиқу об, дусадбора мешавад.

Ман як зани заиф наям! Модари туам,

Он зиндадил, ки шираи ҷонаш ба коми туст.

Аз меҳри ман ту марди бузурги замонӣ,

Пас марзи худ бидон,

Ман хоҳари туам.

Он духтаре, ки хоб зи чашмаш рамида буд,

То нони ту ба мавқеу танпўши ту ба вақт.

Омодаи ҳузури ту гардад ба ҳар замон,

Пас ҳаққи ман магир,

Ман духтари туам.

Он навгуле, ки поку муназзаҳ зи ҳар дарест,

Дар хотирам ту марди нахусти ба ҷон азиз.

Магзор фарқ миёни ману ҳар бародарам,

Ман ҳамсари туам.

Такдухтаре, ки бо ҳама таннозию шукўҳ,

Чашмаш ду офтоби сухан, чеҳра ҳам чу моҳ.

Хуршедро ба хонаи ту армуғон диҳад,

Дастони ў ду шохаи меҳранду ишқро,

Дар пойи ту зи умқи дилаш ройгон диҳад.

Машкан варо ба дасти ҷафо боз, бор-бор,

Ман Нодиёи анҷуманам, ман саҳаргулам.

Ман сад ҳазор нола дар он синаҳои танг,

Ман ҷисми даргирифтаи садҳо зани Ҳирот.

Ман буғзи саршикастаи гулҳои Кобулам,

Ман Оишаам дар дили даште, ки чун сукут,

Буғзе ба сина дораду муҳр аст бар лабаш.

Фарёди ман кунун ба садо даршикастааст,

Ҳушдор бош мард, ки аз ту на камтарам.

تانیا عاکفی- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *